«ОЯНДАРО БО ҲАМ МЕСОЗЕМ!». Таҳти ин унвон дар Душанбе Форуми байналмилалии ҷавонон оғоз гардид

Июнь 21, 2021 15:03

ДУШАНБЕ, 21.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонон  таҳти унвони «Ояндаро бо ҳам месозем!» оғоз гардид. Дар  маросими кушодашавии форуми мазкур Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи рушди сайёҳӣ,  кормандони ҷавони вазорату дораҳо ва ҷавонони узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода  зикр намуд, ки   таваҷҷуҳи махсуси Давлату Ҳукумат ва сиёсати дурандешонаи  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба  насли ҷавони мамлакат аст, ки онҳо ба  комёбиҳои назаррас мушарраф  мегарданд.

“Ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва неруи ҳарактдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Сарвари давлат боиси болидарӯҳӣ ва ифтихори миллии ин қишри ояндасоз гардида, эътимоди онҳоро ба фардои дурахшон қавӣ ва масъулияташонро баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ  рӯшан менамояд”-афзуд Абдулло Раҳмонзода  .

Муовини  Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ зикр кард, ки “имрӯз аксарияти аҳолии Тоҷикистонро  насли ҷавон, яъне ҷавонон ташкил медиҳанд ва нақши онҳо дар ҷомеа  бараъло эҳсос мешавад. Ҳукумати мамлакат  ба рушди ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ҳоло иштироки ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ назаррас мебошад. Дастовардҳои  ҷавонони давраи истиқлолият дар ҷодаи истеҳсолоту саноат, илму техника, фарҳанг, варзиш ва дигар самтҳои афзалиятнок имрӯз чашмрасанд.   Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба миллати тоҷик, бахусус ҷавонон муяссар шуд, ки дар соҳаҳои муҳим ва афзалиятнок донишу маҳорати худро такмил дода, дар арсаҳои гуногун давлату миллати худро муаррифӣ намоянд”.

Сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шабнам Раҳимзода иброз дошт, ки Форуми  байналмилалии ҷавонон дар доираи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай,  Шӯрои миллии кор бо ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва эълон гардидани шаҳри Душанбе – ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  роҳандозӣ гардидааст. Ҳадаф аз баргузории форуми мазкур ин мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар самти кор бо ҷавонон,  мустаҳкам намудани риштаи дӯстӣ байни ҷавонони ИДМ, муаррифии таърих, фарҳанг, осори пурғановати миллати тоҷик ва имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар Форуми байналмилалии ҷавонон  таҳти унвони «Ояндаро бо ҳам месозем!» ҷавонон аз давлатҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Белорус, Молдова ва Озарбойҷон  иштирок доранд. Дар назар аст, ки имрӯз иштирокчиёни форум аз мавзеъҳои таърихию сайёҳии шаҳри Душанбе , минтақаи Ҳисор ва шаҳри Ваҳдат боздид намоянд.

Форуми мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Ташкилоти ҷамъиятии «Хонаи ҷавонон» ва дастгирии Фонди байналмилалии ҳамкории давлатҳои узви ИДМ баргузор шуда, он то 26 июн идома меёбад.

Июнь 21, 2021 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Беш аз 49 фоизи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»
ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст
Пешвои миллат: «Зан – модар меҳвари хонавода ва пайвандгари оила бо ҷомеа аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модар рамзи ҷовидонаи ҳаёти башар аст»
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Рӯзи Модар ҷашн гирифта шуд
Ба нақши беназири модарон дар ҳаёти оила ва ҷомеа ҳамеша арҷ гузошта мешавад
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ ВАФО. Рӯзи Модарро дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил намуданд