Раиси шаҳри Ҳисор ба аёдати хонаводаи афсари шаҳидгашта Рустам Убайдуллоев рафт

Июнь 1, 2021 10:18

ҲИСОР, 01.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба хотири гиромидошт ва абадӣ гардонидани номи сарбози дар ҳифзи Ватан ҳалокгардида Рустам Убайдуллоев муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 57-и деҳаи Баракати Ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзодаи  шаҳри Ҳисор, ки  марҳум дар он таҳсил кардааст, ба номи ӯ  гузошта шудааст.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ  доданд, Раиси шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода дар асоси  дастуру ҳидоятҳои  пайвастаи Пешвои муаззами  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бо ғамхорӣ фаро гирифтани фарзандону волидайни сарбозони дар ҳифзи Ватан ҳалокгардида,  ба хонадони афсари шаҳидгашта, собиқ полковники Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Убайдуллоев ба деҳаи Баракати Ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзода рафт.

Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода ба модари Рустам, ки бар асари беморӣ пои равонашро аз даст додааст, аробачаи маъюбӣ тақдим намуд ва аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои таъмини рўзгор ба ин хонавода маводи хўрока кўмак карда шуд.

“Қаҳрамонию ҷоннисорӣ ва хотираи неки фарзандони шуҷои Ватан дар хотирҳо абадан зинда нигоҳ дошта шуда, ҳаргиз фаромўш нахоҳанд гашт. Ба Шумо ҳама вақт ва дар ҳама ҳолат  кумак расонида мешавад ”, -гуфт Раиси шаҳри Ҳисор ба пайвандони шаҳид.

Волидайни сарбози шаҳид ба  раиси шаҳр барои зоҳир намудани таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ нисбат ба оилаи онҳо ва арҷгузори ба  ҷонфидоии фарзанди ҳалокгаштаи онҳо изҳори сипос намуданд.

Июнь 1, 2021 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд