Раиси ВМКБ дар робита ба вазъи марз бо Афғонистон ҷаласаи фаврӣ доир кард
ДУШАНБЕ, 21.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Бинобар сабаби ихроҷи қӯшунҳои амрикоӣ аз Афғонистон оид ба вазъи марз ҷаласаи фаврӣ даъват карда шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти маъмурияти ВМКБ.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, роҳбари минтақаи мудофиавӣ — ҳудудии No1 Ёдгор Файзов бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низомиён ҷаласа баргузор намуд.
Ё.Файзов зикр кард, ки вазъи хатарнок дар марз бо Афғонистон бонгест барои зарурати ҳифзи суботи дохилӣ.
Вай таъкид намуд, ки «дар сурати эҳтимоли вайрон кардани сарҳади давлатӣ, мо ба ҳифзи марзи давлатӣ бармехезем ва ба ҳуҷумгарон посух хоҳем дод».
Тибқи маълумоти дастгоҳи раис, вазъ дар шимоли Афғонистон бениҳоят мураккаб аст: гурӯҳҳои ифротгаро ишғоли аксари ноҳияҳои наздимарзиро идома медиҳанд ва ба инфрасохторҳо зарари калон мерасонанд.
Дар ин робита, Ёдгор Файзов таҳкими заминаи моддӣ — техникӣ ва кадриро дар шаҳру ноҳияҳои бо Афғонистон ҳаммарзи ВМКБ вазифаи афзалятнок номид.
Вай даъват кард, ки ҷойҳои муносиб ва озод барои ҷобаҷо кардани гурезагон аз Афғонистон дар ҳолати вуруди онҳо, инчунин захираҳо: сӯзишворӣ, хӯрокворӣ, сару либос ва нақлиёт ҷамъоварӣ карда шаванд.
Роҳбари ВМКБ зарурати мувофиқа кардани нақшаи кор бо аҳолӣ ва расонидани кумак ба марзбононро таъкид кард, инчунин зикр кард, ки ҳамкорӣ байни сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ ва марзбонон, ҳарчанд дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда бошад ҳам, бояд тақвият дода шавад.
Файзов инчунин аҳамияти баргузории машқҳои муштаракро зикр карда, аз тӯлонӣ будани марзи ВМКБ бо Афғонистонро ёдовар шуд ва зарурати тақвияти мунтазами фаъолияти минтақаҳои мудофиаи ҳудудиро таъкид кард.
АКС: МИҲД ВМКБ








Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд






