Роҳбари СУТ: пандемияро тавассути эмгузаронии 70 фоизи аҳолии кураи Замин бартараф кардан мумкин аст

Июнь 14, 2021 11:25

ДУШАНБЕ, 14.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пандемияи COVID-19 танҳо дар он сурат бартараф карда мешавад, ки ҳадди ақал 70 фоизи аҳолии кураи Замин эм карда шаванд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти СММ хабар медиҳад, дар ин бора директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Гебреесус 12 июн дар нишасти G7 изҳор доштааст.

«Барои пурра бартараф кардани пандемия, мо бояд ҳадди ақал 70 фоизи аҳолии кураи Заминро эм кунем ва ин кор бояд то замони мулоқоти навбатии шумо дар соли оянда дар Германия  анҷом дода шавад. Ин корро бо дастгирии муштараки  «ҳафтгонаи бузург» ва «бистгонаи бузург» анҷом додан мумкин аст. Барои ин ба мо 11 миллиард доза ваксина лозим аст»,-гуфт роҳбари СУТ.

Дар  муддати кутоҳ, ба гуфтаи ӯ, то моҳи сентябри соли равон бояд на камтар аз 10 фоизи аҳолии ҳар як кишвар ва то охири сол 40 фоиз эм карда шавад. Барои ин дар ҳоли ҳозир 100 миллион доза ваксина – барои ин моҳ ва моҳи оянда  ва 250 миллиони дигар то моҳи сентябр зарур аст.

«Мо аз ваъдаҳои саховатмандонаи шумо барои ваксина истиқбол мекунем. Сипос. Аммо ба мо бештар лозим аст ва онҳо барои мо ҳарчи зудтар лозиманд», — иброз дошт Тедрос. Ӯ афзуд, ки ваксинаҳо бояд тавассути ташаббуси COVAX тақсим карда шаванд.

Роҳбари СУТ даъват кард, ки барои аз пандемияҳои оянда наҷот додани ҷаҳон аз буҳрони кунунӣ сабақ гирифта шавад. Вай гуфт, ки ҳоло чизи асосӣ ноил шудан ба ҳамбастагӣ ва ба роҳ мондани мубодилаи маълумот, иттилоот, захираҳо, технологияҳо ва ҳама воситаҳоест, ки ҳар як кишвар барои таъмини амнияти мардумаш ниёз дорад.

Роҳбари СУТ пешниҳод кард, ки «созишномаи байналмилалӣ — шартнома ё конвенсия» дар бораи баланд бардоштани омодагӣ ба ин гуна пандемия ва тақвияти ҳамкорӣ дар самти муайян кардани манбаъҳои пайдоиши микробҳои нав ба тасвиб расонида шавад

ДАР АКС: Директори генералии СУТ Тедрос Гебрейесус. Акс аз СММ /Э.Шнейдер

Июнь 14, 2021 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид