САТҲИ КАМТАРИНИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС ДАР ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН АСТ. Дар ин бора дар хабари нашрнамудаи сомонаи Кумитаи омори ИДМ гуфта шудааст

Июнь 8, 2021 10:53

ДУШАНБЕ, 08.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон камтарин сатҳи гирифторӣ бо коронавирус дар байни кишварҳои ИДМ мушоҳида шудааст. Дар ин бора дар хабари матбуотӣ аз 3 июни соли 2021 дар бораи вазъи вобаста ба мубталошавӣ ба коронавирус дар кишварҳои Иттиҳод, ки дар сомонаи Кумитаи омори ИДМ дар бахши «СOVID-19» ҷой дода шудааст, гуфта шудааст.

Тавре дар хабари матбуотӣ қайд шудааст, тибқи маълумоти СУТ, аз аввали соли 2020 то 1 июни соли 2021 дар ҷаҳон 170,4 млн ҳолати тасдиқшудаи COVID-19 сабт шудааст. Дар ҳамин ҳол, танҳо дар моҳи майи соли 2021 шумораи онҳо то 17,7 млн (ва ё то 12 фоиз) афзудааст. Дар натиҷа, шумораи фавтидагон аллакай ба 3,5 миллион нафар расидааст, ки аз онҳо 0,3 млн нафар (ва ё 10 фоиз) дар давоми моҳи майи соли равон ҷон бохтаанд.

Дар ҳамин давра дар кишварҳои ИДМ 9,1 млн ҳолати тасдиқшудаи COVID-19 сабт шудааст ва шумораи фавтидагон бошад 0,2 млн нафарро ташкил додааст. Дар тӯли моҳи гузашта шумораи беморон дар маҷмӯъ дар Иттиҳод то 0,5 млн нафар (ва ё то 6 фоиз) ва теъдоди фавтидагон — 21,4 ҳазор нафар (ва ё то 12 фоиз) афзудааст.

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар байни кишварҳои Иттиҳод аз рӯи шумораи ками сироятёбӣ бо коронавирус мутаносибан дар ҷойҳои аввал ва дуюм қарор доранд, гуфта шудааст дар иттилоияи матбуотии Кумитаи омори ИДМ.

Тибқи маълумоти СУТ, дар маҷмӯъ то 7 июн дар Тоҷикистон мавҷудияти коронавирус дар вуҷуди 13308 нафар тасдиқ шудааст. Аз ин беморӣ 13218 нафар шифо ёфтаанд. Дар ҳамин ҳол, 90 нафар шаҳрвандон қурбони ин беморӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон аз аввали моҳи январ то ҳол ягон ҳолати нави сироятёбӣ бо коронавирус сабт нашудааст.

Тибқи маълумоти СУТ дар Ӯзбекистон шумораи ҳолатҳои сабтшудаи сирояти коронавирус то 1 июн 100 ҳазор нафарро ташкил додааст. Шумораи умумии шифоёфтагон аз ин беморӣ ба 95 786 нафар расидааст ва нишондиҳандаи шифоёбӣ 96% -ро ташкил додааст. Теъдоди фавтидагон аз ин беморӣ 690 нафарро ташкил кардааст.

То 1 июни соли 2021 бештар аз ҳама ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ бо коронавирус дар давраи пандемияи COVID-19 дар Россия (5 млн 71 ҳазор), Украина (2 млн 202 ҳазор) ва Қазоқистон (442 ҳазор) сабт шудаанд.

 ДАР АКСИ БОЛО: Духтурони ӯзбекистонӣ, ки барои кумак ба ҳамтоёни худ дар давраи авҷи пандемия — баҳори соли 2020 ба Тоҷикистон омада буданд. Акс аз бойгонӣ

Июнь 8, 2021 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст