Шабонарӯзи охир дар ҷаҳон зиёда аз 413 ҳазор ҳолати сирояти коронавирус ошкор шуд

Июнь 12, 2021 11:01

ДУШАНБЕ, 12.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шабонарӯзи охир шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 413 ҳазор афзоиш ёфта, аз 176,05 миллион гузашт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти имрӯзаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба ҳолати соати 11:00 (ба вақти Душанбе)-и 12 июн, ба СУТ дар бораи 176 050 907 сироятшуда ва 3 800 841 фавт маълумот расидааст. Шумораи гирифторони ин беморӣ шабонарӯзи охир 413 145 нафар ва фавтидагон 11 500 нафар афзудааст.

Шумораи зиёди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироят дар ИМА ба қайд гирифта шудаанд — 34 306 446. Баъд аз он Ҳиндустон (29 359 155), Бразилия (17 301 220), Франсия (5 733 838), Туркия (5 319 359), Россия (5 180 454), Британияи Кабир (4 550 944), Италия (4 241 760), Аргентина (4 093 090), Испания (3 733 600), Германия (3 720 811) ва Колумбия (3 694 707) қарор доранд.

АКС аз © РИА Новости / Антон Вергун

Июнь 12, 2021 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд