Шаш паҳлавони шинохтаи тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба намуди гӯштини дзюдо дар Будапешт иштирок мекунанд

Июнь 3, 2021 08:46

ДУШАНБЕ, 03.06.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 6  то 13  июни соли равон дар шаҳри Будапешти Маҷористон  Чемпионати ҷаҳони оид ба намуди гӯштини дзюдо баргузор мешавад. Дар мусобиқаи мазкур  миёни мардон панҷ  гӯштингири шинохтаи тоҷик Шаҳбоз Саидаброров (-66 кг), Акмал Муродов (- 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг)   Темур Раҳимов (+ 100 кг) ва  дар сабқати занон Шукрона Қарчиева дар вазни то 48 кг Ҷумҳурии  Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд.

Дар ин  бора шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи муқаррароти Федератсияи ҷаҳонии дзюдо, дар ин чорабинии бузурги ҷаҳонӣ, ки охирин имконият барои варзишгарони  роҳхатногирифтаи Бозиҳои Олимпии Токио-2020 мебошад, ширкати 706 дзюдочӣ  аз 132 мамлакати 5 қитъаи ҷаҳон  дар назар аст.

Мавриди  зикр аст,  ки   ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ба гӯштигирон имкон медиҳад, ки хазинаи имтиёзҳои худро дар раддабандии Федератсияи байналмилалии дзюдо  (IJF) пурра намоянд, инчунин барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио имтиёзҳои муҳим ба даст биёранд. Барои медали тилло 2000 имтиёз, барои медали нуқра 1400 имтиёз ва барои медали биринҷӣ 1000 имтиёз дода мешавад.

Хотиррасон мекунем, ки ширкати паҳлавони шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков низ дар ин мусобиқа дар назар буд, вале бо сабаби осеб гирифтанаш варзишгар  аз иштирок дар Чемпионати ҷаҳон даст кашид.

                                                  АКС аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон

Июнь 3, 2021 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад