«ШОМИ ДӮСТӢ». Ин барномаи фарҳангиву фароғатӣ имрӯз дар Муассисаи давлатии «Аҳорун» баргузор мегардад

Июнь 25, 2021 13:28

ДУШАНБЕ, 25.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дар толори Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Аҳорун» (собиқ Амфитеатр) барномаи фарҳангиву фароғатии «Шоми дӯстӣ» баргузор мегардад, ки он дар доираи Форуми байналмилалии ҷавонон таҳти унвони «Ояндаро бо ҳам месозем!» ва татбиқи барномаи байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Душанбе — пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021» роҳандозӣ шуда, мақсад аз он мустаҳкам намудани риштаи дӯстӣ байни ҷавонони ИДМ, муаррифии таърих, фарҳанг ва осори пурғановат мебошад. Оғози барномаи фарҳангиву фароғатии «Шоми дӯстӣ» соат 19:00 муайян шудааст.

Аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар барномаи фарҳангиву фароғатии «Шоми дӯстӣ» иштирокчиёни Форуми байналмилалии ҷавонон, ки  намояндагони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Беларус, Молдова ва Озарбойҷон мебошанд, ҳунару санъати волои давлати худро пешниҳоди ҳозирин мегардонанд.

Ёдовар мешавем, ки Форуми байналмилалии ҷавонон таҳти унвони «Ояндаро бо ҳам месозем!» 19 июн оғоз шуда, то 26 июни соли равон идома меёбад. Дар форуми мазкур 45 нафар ҷавонон аз ИДМ иштирок доранд.

 

Июнь 25, 2021 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии Иттифоқҳои касабаи давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Форуми гуфтугӯи Теҳрон иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии нақшавии Шурои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ ба таври онлайн баргузор шуд
Дар Душанбе вохӯрии ҳафтуми роҳбарони мақомоти олии аудити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад
Дар Котиботи СҲШ дар Пекин ба муносибати ҷашни Наврӯз ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар Душанбе таҳти унвони «Созмони ҳамкории Шанхай: дар роҳи ҷомеаи солим бе маводи мухаддир» ҳамоиши байналмилалӣ доир шуд
Партитураи Суруди Созмони ҳамкории Шанхай ба Котиботи СҲШ дар Пекин тақдим гардид
Дар Душанбе доир ба Соли рушди устувори Созмони ҳамкории Шанхай ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи 23-юми Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Дар Душанбе доир ба ҳолат ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории Шанхай машварат баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 23-юми вазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
«ИННОПРОМ-2024». Дар доираи ин намоишгоҳ дар шаҳри Екатеринбурги Русия ҷаласаи пленарии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд