Шумораи навбатии маҷмӯаи илмии «Анвори дониш» ба чоп расид
ДУШАНБЕ, 03.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Шумораи навбатии маҷмӯаи илмии «Анвори дониш», ки бо ибтикори кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Устод Садриддин Айнӣ интишор гардидааст, муҳимтарин мақолаҳои марбут ба масоили забоншиносӣ ва адабиётшиносиро гирд овардааст.
Мақолаҳои илмии профессорон Саидмуроди Хоҷазод «Бозтоби масоили умдаи забон дар асари Пешвои миллат «Забони миллат-ҳастии миллат», Шарифмурод Исрофилниё «Фирдавсӣ ва Носири Бухороӣ», Вафо Элбоев «Номбардори бузургон» ва дотсентону омӯзгорон Нурхон Гадоев «Воҳидҳои фразеологии лаҳҷа ва хусусиятҳои он», Одилҷон Алиев «Ахтари тобони илми забоншиносии тоҷик», Ризо Хокироев «Тоҷикпарастии устод Садриддин Айнӣ», Ҳамроза Раҳимова «Бозтоби маҷоз дар ашъори Ёрии Дарвозӣ», Равшани Ҳамроҳ «Хусусиятҳои хоси Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ҳамза Боқиев «Шоирӣ ҳам мушкил аст, осон магир», Ҳанифаи Муҳаммадохир «Вижагиҳои резаҳикояҳои Сорбон» аз лиҳози асолат, муҳимият ва навгонии илмӣ пажӯҳиши тоза дар ҷодаи забон ва адабиётшиносии муосири тоҷик ба ҳисоб мераванд.
Баррасӣ ва пажӯҳиши масъалаҳои умдаи соҳаҳои мазкур бо дидгоҳи тоза меҳвари аслии мақолаҳои маҷмӯаро ташкил медиҳад. Он барои пажӯҳишгарони соҳа, устодони донишгоҳҳо, унвонҷӯён, ҳаводорони забон ва адабиёт ва оммаи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Акс аз ДДОТ ба номи С.Айнӣ








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






