Соҳибкорони муваффақ дар бунёди иншооти ҷашнии ноҳияи Ванҷ саҳми назаррас мегузоранд
ДУШАНБЕ, 02.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тавсеаи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ноҳияи Ванҷ сафар намуданд. Дар ин сафар, ки ҳадафи он шиносоӣ аз ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ дар иншооти ҷашнӣ аст, гурӯҳи кориро соҳибкорони муваффақ ва фаъоли ноҳияи Ванҷ, ки дар дигар минтақаҳои мамлакат фаъолият доранд, ҳамроҳӣ карданд.
Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ҳадафи гирд овардани соҳибкорон ва шахсони барӯманди ноҳияи Ванҷ барои тақвияти раванди омодагиҳо ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути бунёду роҳандозии корҳои ободонӣ, сохтмони иншооти иҷтимоӣ, аз қабили боғчаҳои томактабӣ, мактабҳо, толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ ва корхонаҳои саноатию агросаноатӣ мебошад.
Бо дарназардошти ниёзи бештари аҳолӣ бо дастгирии давлату ҳукумати кишвар соҳибкорони маҳаллӣ дар минтақаҳои дурдасти ноҳия меҳмонхонаву ошхонаҳо, марказҳои хизматрасонӣ, иншооти варзишӣ, боғчаҳо, марказҳои фароғатӣ, сартарошхонаву кошонаи ҳусн, ҳаммом ва бунгоҳҳои тиббӣ бо ҳуҷраҳои хатнаи писарбачагон бунёд месозанд.
Айни замон дар ҷамоати деҳоти Техарв ва Ҷовидони ноҳия иншооти варзишӣ, маркази хизматрасонию ҳунармандӣ ва дар мавзеъҳои хушбоду ҳаво сохтмони меҳмонхонаву осоишгоҳ ба нақша гирифта шудааст.
Гурӯҳи корӣ дар маркази ноҳияи Ванҷ дар ҷамъомади идона бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии муҳофизати кӯдакон ва 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иштироки таълимгирандагони кӯдакистону муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид, иштирок намуданд. Кормандони ширкати сайёҳии «Сайри Ванҷ» ба кӯдакон туҳфаҳо тақдим намуданд.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе бо иштироки васеи соҳибкорони муваффақи ноҳияи Ванҷ вохӯрӣ баргузор гардида, масъалаи ҷиҳати саривақт ва босифат анҷом додани корҳои бунёдӣ мавриди муҳокима қарор гирифта буд.
Аксҳо аз Кумитаи рушди сайёҳӣ.










Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






