Сохтмони роҳи мошингард аз Дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи Чортут дар Душанбе баррасӣ шуд

Июнь 7, 2021 13:40

ДУШАНБЕ,07.06.2021/АМИТ «Ховар»/. 15 фоизи қитъаи роҳи  мошингард аз Дарвозаи ғарбии Душанбе то маҳаллаи Чортут асфалтпӯш гардидааст.  Дар ин хусус  роҳбари Ширкати роҳҳои сарҳадии Ҳиндустон Амит Горей дар мулоқоташ бо Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, ки дар Душанбе доир  гардид, иттилоъ дод.       

Тавре аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар  доданд, роҳбари ширкати ҳиндустонӣ изҳор дошт, ки «Сохтмони роҳи  мошингард аз Дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи Чортут» —  аввалин лоиҳаест, ки онҳо дар самти сохтмони роҳҳои мошингард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда истодаанд.

Дарозии умумии ин қитъаи роҳ 9,2 км-ро ташкил дода,  дар он сохтмони як адад пул аз болои канали Ҳисор бо дарозии 42,7 метр, як гузаргоҳ бо дарозии 175,1 метр  аз болои истгоҳи роҳи оҳани Душанбе-2, ду роҳои ҳалқавӣ, 39 иншооти сунъии хурд ва дигар шабакаҳои муҳандисӣ ба нақша гирифта шудааст.Татбиқи лоиҳа моҳи ноябри соли 2020 оғоз гардида, моҳи ноябри соли 2022 ба анҷом расонида мешавад.

-Аз оғози лоиҳа то имрӯз корҳои омодасозии асосии роҳ барои пӯшонидани асфалт асосан ба анҷом расонида шуда, 15 фоизи қитъаи роҳи банақшагирифташуда асфалтпуш гардид, -афзуд Амит Горей.

Бо мақсади дар муҳлати муқарраршуда ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ширкати ҳиндустонӣ пешниҳод намуд, ки мушкилоти вобаста ба бартараф кардани монеаҳои мавҷуда бояд ҳарчи зудтар аз тарафи масъулин бартараф карда шаванд.

Вазири нақлиёт зикр намуд, ки  дар якҷоягӣ бо сохторҳои марбута барои бартараф намудани мушкилот дар кутоҳтарин муҳлат тадбирҳои зарурӣ  андешида хоҳанд шуд.

Азим Иброҳим  изҳор намуд, ки  вусъат бахшидани корҳо набояд ба сифати иҷрои корҳои банақшагирифташуда таъсири манфӣ расонад.  Ҳамзамон тарафҳо вобаста ба арзиши лоиҳа ва имкониятҳои масрафи сармоя ибрози назар намуда ба хулосае омаданд, ки айни замон пешгӯӣ кардани ҳаҷми сармояи масрафшаванда имкон надорад ва  ин баъди 80 фоиз анҷом додани корҳои лоиҳавӣ имконпазир мегардад.  Зикр шуд, ки  дар ҳолати масраф гардидани сармоя он аз ҷониби ширкати ҳиндустонӣ барои таъмири дигар роҳҳои атрофи шаҳри Душанбе истифода хоҳад гардид.

Акс аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон

 

Июнь 7, 2021 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид