Тамдиди сабукиҳо барои муҳоҷирон дар Федератсияи Россия, ки бо сабаби коронавирус ҷорӣ шуда буданд, ба нақша гирифта нашудааст

Июнь 14, 2021 10:55

ДУШАНБЕ, 14.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тамдиди сабукиҳое, ки  бо сабаби пандемияи коронавирус аз моҳи апрели соли гузашта барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Россия амал мекунад, ба нақша гирифта нашудааст. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора имрӯз, 14 июн ТАСС бо истинод ба як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия иттилоъ додааст.

«Не, ҳоло тамдиди сабукиҳо ба нақша гирифта нашудааст», — гуфтааст мусоҳиби агентӣ  дар посух ба суол дар бораи он ки  оё пас аз 15 июн тамдиди сабукиҳо барои муҳоҷирон ба нақша гирифта шудааст ё не.

Моҳи апрели соли 2020 фармони Президенти Россия Владимир Путин  ба тавсиб расид, ки  тибқи  муқаррароти он ба ҳама шаҳрвандони хориҷӣ имкон дод, ки муваққатан дар қаламрави кишвар зиндагӣ ва кор кунанд. Илова бар ин, ба хориҷиёни вайронкунандаи муқаррароти будубош имконият дода шуд, ки вазъи ҳуқуқии худро бидуни ҳеҷ гуна таҳрим танзим кунанд. Фармони мазкур то 15 июни соли равон амал хоҳад кард.

Дар хадамоти маълумотдиҳии Маркази ягонаи муҳоҷират дар вилояти Москва инчунин ба ТАСС иттилоъ доданд, ки онҳо дар бораи тамдиди муҳлати будубоши имтиёзии муҳоҷирон дар Россия маълумот надоранд.

«Пас аз 15 июн чӣ рух хоҳад дод, ҳанӯз маълум нест. То ҷое ки мо медонем, то ҳол дар мавриди тамдиди ин муҳлат ягон гап нест. Бинобар ин, агар ҳамин тавр боқӣ бимонад, пас дар ин ҳолат шумораи зиёди шаҳрвандони хориҷӣ, ки барои қонунигардонии будубоши худ муваффақ нашудаанд, ногузир бояд марзро убур кунанд», — гуфтанд дар маркази муҳоҷират ва шарҳ доданд, ки агар муҳоҷир дар тӯли тамоми давраи пандемия дар Россия буда бошад, пас ӯ бояд барои муддати се моҳ — 90 рӯз аз Россия хориҷ шавад.

Илова бар ин, дар маркази муҳоҷират гуфтанд, ки дар моҳҳои май-июн хоҳишмандони танзими вазъи ҳуқуқии худ дар кишвар зиёд буданд ва бо ҳамин сабаб навбатҳои тӯлонӣ ба вуҷуд меомаданд. «Кас метавонад худро сабти ном кунад (то дар навбат наистад), аммо гап сари ин аст, ки хоҳишмандони сабт барои ду ҳафта пешакӣ бисёр зиёданд. Рӯзи сешанбе- 15-уми июн  аллакай сабт барои 29 июн сурат хоҳад гирифт», — илова кардааст мусоҳиби агентӣ.

Моҳи апрели соли равон муовини Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Александр Горовой зимни суханронӣ дар ҷаласаи умумии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ба намояндагони кишварҳои ИДМ муроҷиат ва хоҳиш кард, ки бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ, ки ҳоло дар қаламрави Россия қарор доранд корҳои пешгирикунанда гузаронанд, то ин ки кор то ихроҷи иҷбории онҳо нарасад. Горовой инчунин таъкид кард, ки то 15 июн нисбат ба шаҳрвандони кишварҳои ИДМ муқаррароти қонун дар мавриди будубош татбиқ нахоҳад шуд. Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, аз моҳи марти соли гузашта, пас аз оғози пандемияи коронавирус, тақрибан 1,6 миллион муҳоҷир пас аз хатми муҳлати будубош дар қаламрави Россия ин кишварро тарк накардааст. Чораҳои андешидашуда имкон доданд, ки вазъи ҳуқуқии тақрибан 400 ҳазор нафар ба низом дароварда шавад.

АКСИ: © Артем Геодакян/ТАСС

Июнь 14, 2021 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

САДА-МЕРОСИ ҒАЙРИМОДДИИ БАШАРИЯТ. Он садоқат ба Ватан, дӯст доштани табиат ва заҳмат ба хотири баракату фаровониро таблиғ менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Тоҷикон» ҳоло китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифат ва бонангу номуси миллати тоҷик мебошад»
Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷоизаи давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъсис дода мешавад
Академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун муҳаққиқи барҷаста ва ташаббускори илм дар рушди ховаршиносӣ саҳми бузург гузошт
Дар ташаккули шахсияти академик Бобоҷон Ғафуров модари ӯ -шоираи номдор Розияи Озод нақши ҳалкунанда бозид
Пешвои миллат: «Бо вуҷуди корҳои ҳизбиву давлатӣ Бобоҷон Ғафуров таҳқиқи таърихи халқи тоҷикро содиқона идома медод»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз Бобоҷон Ғафуров пас аз устод Садриддин Айнӣ ба таҳқиқи мукаммали таъриху тамаддуни тоҷикон иқдом намудааст»
Имрӯз дар Душанбе ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир мешавад
Сарвари давлат: «Имрӯз мо шоҳиди уҳдадории дастаҷамъонаи бонкҳои байналмилалии рушд ҷиҳати суръатбахшӣ ба маблағгузории соҳаи обу иқлим гаштем»
Президенти Тоҷикистон: «Обанборҳои Тоҷикистон барои таъмини мунтазами давлатҳои минтақа бо оби корезӣ хизмат менамоянд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон соҳаи энергетикаро яке аз авлавияти стратегии худ медонад»
Конфронси Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 дар шаҳри Душанбе барои ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи байналмилалӣ заминаи муҳим фароҳам месозад