ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ АЗ ҲАДАФҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СТРАТЕГИИ ТОҶИКИСТОН АСТ. Андешаҳои Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ М.Файзуллозода доир ба мавзӯъ дар Рӯзи ҷаҳонии бехатарии озуқаворӣ

Июнь 7, 2021 14:21

ДУШАНБЕ, 07.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 7 июн ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии бехатарии озуқаворӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин сана дар асоси Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид, ки  20 декабри соли 2018 аз тарафи Ассамблеяи Генералии ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ қабул шудааст, ба ҳукуми анъана даромадааст. Мақсади ин ташаббус, талош барои дастёбии аҳолии ҷаҳон ба озуқа ва ғизои солим маҳсуб меёбад.

Дар ин асос, таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки ҳар як давлату миллат маҳсуб меёбад, ки барои ноил гардидан ба он тадбирандешиҳои доимӣ амалӣ карда мешаванд. Ин нуктаро Муҳаммадсаид ФАЙЗУЛЛОЗОДА, Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти суҳбат бо хабарнигрои АМИТ «Ховар» иброз доштааст. Дар зимн матни пурраи андешаҳои мавсуф пешкаши хонандагон гардонида мешавад.  

  — Мақсад аз таҷлили ин рӯз баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ оид ба мушкилоти ҷойдошта дар самти таъмини озуқаворӣ ва бехатарии он дар ҷомеаи имрӯза ба шумор рафта, инсониятро водор месозад, ки барои аз байн бурдани гуруснагӣ, камғизоӣ ва камбизоатии инсонҳо кӯшиш намоянд.

Вобаста ба масъалаи мазкур, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози соҳибистиқлолии кишвар баҳри таъмин намудани шаҳрвандон бо маҳсулоти сифатан баланд ва бехатарии озуқаворӣ дар доираи барномаи махсус ба ин бахши муҳим  таваҷҷуҳ  зоҳир намуда, бо истифода аз имконот ва ба вуҷуд овардани иқтидорҳои нав баҳри осоиштагии мардум марҳила ба марҳила ба таъмини амнияти озуқавории худ ноил мегардад.

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегӣ ба ҳисоб рафта, дар ин бобат баҳри расидан ба мақсадҳое, ки ба беҳтаршавии зиндагии сокинони кишвар мусоидат мекунанд, тадбирҳои зиёд андешида мешаванд. Дар ин давра барои расидан ба ин мақсад санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла даҳҳо барномаҳои давлатӣ қабулу амалӣ гардида, дар оғози соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин фурсат заминҳои деҳқонӣ, ки бо номи заминҳои президентӣ машҳур аст, ба аҳолии кишвар дода шуд.

Ба қавли Сарвари давлат ҷудо гардидани заминҳои президентӣ ба аҳолӣ ба замоне рост омад, ки давлати Тоҷикистони тозаистиқлолро гуруснагӣ ва нестшавӣ таҳдид мекард ва ин иқдом мардумро аз ҳалокат ва давлатро аз нестшавӣ наҷот дода, қадамҳои аввалинро барои рушди кишвар ба вуҷуд овард.

Дар даҳаи дуюми соҳибистиқлолии мамлакат бо мақсади беҳтаргардонии вазъи иҷтимоии мардум ва афзоиш додани парвариш, истеҳсол, коркард ва таъмини бозор бо маҳсулоти ватанӣ ба деҳқонону кишоварзон  заминҳои хоҷагии деҳқонӣ ҷудо карда шуд. Ин иқдом ва ташаббуси  навбатӣ имкон дод, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бо маҳусулоти озуқаворӣ як чанд маротиба афзоиш ёфта, қадамҳои нахустро барои гузариш аз ҷомеаи аграрӣ-санотӣ ба саноатию аграрӣ ба миён гузошт. Ин буд, ки соли 2019,   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръатро ҳадафи 4-уми стратегии Ҳукумати мамлакат эълон намуд.  Дар асоси ин ибтикорот солҳои охир ба мушоҳида мерасад, ки маҳсулотҳои ватанӣ, махсусан озуқаворӣ дар баробари истеҳсол коркард гардида, пешниҳоди аҳолӣ ва ба кишварҳои хориҷ содирот карда мешаванд.

Тибқи маълумотҳои оморӣ, дар тамоми сайёраи замин зиёда аз 854 млн нафар одамон аз гуруснагӣ ва камбуди ғизо ранҷ мебаранд, ки бартараф намудани ин мушкилӣ кӯшиш ва заҳматҳои зиёдеро аз ҷониби ташкилотҳои ёрирасон талаб мекунад. Ба гуфтаи мутахассисон, амнияти озуқаворӣ дар ҳолате таъмин мегардад, ки миқдори истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ дар дохили давлат ба талаботи мардум ҷавобгӯ буда, 20 фоизи он барои захира басанда бошад. Дар ҳолати нарасидани маҳсулоти дохилӣ давлат ё аҳолӣ қудрати харидории ин намуди маҳсулоти хўроквориро бояд аз дигар кишвар дошта бошанд.

Ҳамчунин пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ низоми муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории ҳар як кишвар ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад масъалаҳои истифодаи оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳолати мелиоративӣ ва ҳосилнокии он, содироти меваю сабзавот аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб шуда, он бар уҳдаи вазорату муассисаҳои дахлдор ва кормандони соҳа вогузор шудааст. Тавре Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми худ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ иброз доштанд: «Мо амнияти озуқавории кишварро танҳо дар сурате таъмин карда метавонем, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии худиро ҳарчи бештар афзоиш дода, аз маводи ғизоии воридотӣ камтар вобаста бошем».

Аз ин рӯ, бо мақсади таҳти назорати доимӣ қарор додани самти байторию зотпарварӣ, фитосанитарӣ, карантини растанӣ ва тухмӣ, инчунин таъмини бехатарии (маҳсулотое, ки дар кишвар истеҳсол мегарданд ё аз хориҷ ба мамлакат  ворид карда мешаванд), дар заминаи 4 мақомоти давлатӣ: 29 декабри соли 2017, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба самти таъмини бехатарии озуқаворӣ, ҳифзи солимии аҳолӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳуқуқи истеъмолкунандагон равона намуда, тавассути 64 маркази таъминот, 65 озмоишгоҳ, 22 адад марказҳои ташхис ва 36 нуқтаи назорати давлатӣ дар самти бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ фаъолият доранд корҳои зиёдеро ба сомон расонида, ба дастовардҳои хубу назарас ноил гардидааст.

Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми захираву имкониятҳоро барои расидан ба ин ҳадаф сафарбар менамояд. Набояд фаромӯш сохт, ки дар бештари ҳолатҳо таъмини бехатарии озуқавории ҷумҳурӣ аз самаранокӣ ва устувории рушди кишоварзӣ вобастагӣ дорад. Зеро соҳаи мазкур бахши пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон ба шумор рафта, ба ҳисоби миёна 20-21 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро таъмин менамояд. Дар давраи  4  моҳи соли 2021 аз ҷониби мутахассисони Озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озукавории дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ фаъолиятдошта, ҳамагӣ 382 ҳазору 767 адад ташхисҳои гӯшт ва маҳсулотҳои гӯштӣ, шир ва маҳсулоти ширӣ, равған, тухм, маҳсулоти моҳигӣ, асал, маҳсулотҳои намакин, маҳсулоти хушкмева, мева ва буттамеваи тару тоза, маҳсулотҳои полезӣ гузаронида шуд. Тибқи талаботҳои байторию беҳдоштӣ маҳсулотҳои ба истеъмол ҷавобгӯ набуда, аз ҷумла 24 794  кг маҳсулоти гӯштӣ, 5876,0 кг маҳсулоти ширӣ, 8411 дона тухми паранда, 42,121,2 кг меваю сабзавот, 332,4 кг моҳӣ, 2698,2 кг маҳсулотҳои намакин, 593,2 литр равғани растанӣ, 3098,4 маҳсулоти хушк, 10571,2 маҳсулоти полезӣ, 198,3 кг асал ҳам чун маҳсулоти бесифат ва хавфнок муайян карда, аз фурӯш боздошт ва нобуд карда шудаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки «Таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат ва бехатарии озуқаворӣ, ки шарти асосии солимии мардум мебошад, яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад».

Бо назардошти ин гуфтаҳо соҳибкорону истеҳсолкунандагони ватаниро зарур аст, ки дастгириҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Сарвари давлатро дарк намуда, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда баҳри истеҳсоли молу маҳсулоти босифат ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир заҳмат кашида, тавонанд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ баҳри истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда фаъолияти худро ба роҳ монанд.

Аксҳо аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Июнь 7, 2021 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Прокуратураи генералӣ: «Дар робита ба кушторҳои дар шаҳри Конибодом рухдода гумонбарон дастгир гардиданд»
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти даъвати тирамоҳӣ ҷаласа баргузор гардид
1500 нафар ҷавонони синни даъватии вилояти Суғд даври омӯзишии ронандагиро хатм намуданд
Дар шаҳри Бодканд вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоиш доир шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» ҷаласа баргузор шуд
Вобаста ба вазъияти фавқулода, низоъҳо ва ҳамоҳангии иҷтимоӣ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо фаъолияти Департаменти адлияи Ирландия шинос шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир шуд
Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки гурӯҳҳои корӣ ҷаласа баргузор шуд
Прокуратураи генералӣ: «Худ ва наздиконатонро аз ҳамлаҳои хакерӣ эмин нигоҳ доред!»