Тоҷикистон бо Чин дар бораи ворид намудани 300 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVac» ба созиш расид
ДУШАНБЕ, 01.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ворид намудани ваксинаи «CoronaVac» ба сифати кӯмаки башардӯстона ба созиш расид.
Дар ин хусус сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷафаров ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Ба зикри номбурда ҳаҷми ваксинаҳое, ки ба Тоҷикистон оварда мешаванд, 300 ҳазор воя буда, барои фарогирии 150 ҳазор нафар дар ду давра пешбинӣ шудааст.
Ҳоло масъалаҳои техникӣ, шароити ҳамлу нақл ва таҳвили «CoronaVac» ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад,- гуфт мавсуф.
Ба гуфтаи Наврӯз Ҷафаров, нақшаи дастрас кардани ваксинаи истеҳсоли Ҷумҳурии Ҳиндустон бино ба вазъи эпидемиологии баамаломада тағйир ёфта, Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ҳоло бо дигар истеҳсолкунандагон барои ҳалли ин масъала гуфтушунидҳои иловагиро роҳандозӣ намудааст.
«Аз 23 март то имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 80 ҳазор нафар бар зидди бемории COVID-19 ваксинатсия шуда, раванди он тибқи нақшаи қаблан тасдиқшуда идома дорад. Ҳоло дар имунизатсия аз ваксинаи «AstraZeneca» истифода мешавад. Бо назардошти миқдори мавҷудбудаи 192 ҳазор вояи ваксина Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат қарор дод, ки ин миқдор ваксинаро барои ду давра истифода барад»,- илова кард сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббӣ.
Дар мавриди гирифтани ваксинаи «Спутник V» Н.Ҷафаров гуфт, ки Хадамоти давлатии назорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо истеҳсолкунандаи ваксина ҳамкории зич дошта, масъалаи экспертизаи техникии ҳуҷҷатҳои ваксинаро барои бақайдгирии минбаъда, додани иҷозатномаҳо барои воридот ва истифодаи он дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад.








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






