Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон ба ҳолати омодабош гузаштанд

Июнь 26, 2021 13:48

ДУШАНБЕ, 26.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки дар хатти дуввуми дифоъ дар марзи Тоҷикистон  бо Афғонистон хизмат мекунад, ба режими махсуси фаъолият гузаронида шуданд. Дар ин бора  имрӯз  сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон  полковник Фаридун Маҳмадализода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ӯ зикр намуд, ки бо пуршиддат шудани вазъ дар Афғонистон  нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо марзбонон марзҳои кишварро муҳофизат мекунанд.

«Дар ин рӯзҳо интиқоли иловагии таҷҳизот ё нерӯ  ба амал оварда нашудааст ва  феълан дар нақша ҳам нест, зеро вазъи ноустувори Афғонистон моро  водор карда буд, ки қисмҳои низомиамонро, ки дар хатти дуюми мудофиа қарор доштанд, тақвият диҳем», — гуфт Маҳмадализода.

Ёдовар мешавем, ки тайи 10 рӯзи гузашта дар Афғонистон дар чор минтақаи наздимарзӣ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни ҲаракатиТолибон ( дар Тоҷикистон мамнуъ эълон шудааст) бархӯрд ба амал омадааст. Ҳашт ноҳия ва ду посгоҳи марзӣ таҳти назорати ҷангиён гузаштанд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан бо имстинод ба маркази матбуоти Қувваҳои сарҳадии  КДАМ ҶТ иттилоъ дода буд,  21 июн як гурӯҳи Толибон ба гузаргоҳи Шерхон-Бандар дар вилояти Қундуз ҳамла кард. Шумораи умумии низомиёни афғон (маҷрӯҳ, кушта ё асир афтода) ба 100 нафар расид. 134 нафари дигар пас аз задухӯрдҳои шадид 22 июн ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути гузаргоҳи Панҷ фирор карданд.

 

АКС: Вазоратьи мудофиаи ҶТ

Июнь 26, 2021 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид