«ВАҲДАТ — БАҚОИ МИЛЛАТ АСТ». Таҳти ин унвон дар Китобхонаи миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир шуд

Июнь 23, 2021 16:05

ДУШАНБЕ, 23.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ Тоҷикистон» бахшида ба 24-умин солгарди Рӯзи  Ваҳдати миллӣ ҳамоиш сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Ваҳдат — бақои миллат аст» баргузор гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҳамоиш роҳбарият ва фаъолони ташкилотҳои иттифоқҳои касаба, кормандони Китобхонаи миллӣ, ҳунармандони шинохта, донишҷӯён ва аҳли зиё иштирок карданд.

Ҳамоишро муовини аввали директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабзода ифтитоҳ намуда,  доир  ба  ваҳдату ягонагӣ ва саҳми он дар  таърихи навини Тоҷикистон  ибрози андеша намуд.

Сипас дар назди ҳозирин  Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар мавзӯи  “Ваҳдати ӯ халқи моро шод кард” маърӯза  намуд. Номбурда, аз ҷумла зикр кард, ки   “Ваҳдати миллӣ ба саҳифаи таърихи халқи тоҷик маҳз бо ҷаҳду талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт. Ин иди фархунда тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷомеа, боиси эҳёи иқтисоди кишвар, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст”.

Мавсуф ҳамзамон шеъри  Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоибро бо номи “Бахтовар” ба ҳозирин қироат кард:

Гар намерафтӣ ба майдон ҷон ба каф мисли Куруш,

Гар намекардӣ ба ҷои шаҳди ҳастӣ заҳр нӯш,

Гар намебастӣ дами тӯфони баҳри пурхурӯш,

Гар намекардӣ алови  ҷанги марговар хамӯш

Мо намедидем нури чеҳраи  иқболро,

Партави озодиву хуршеди истиқлолро.

“Дар ҷаҳони имрӯза давлатҳои алоҳида бо хатогии хурди сиёсӣ сулҳу ваҳдат ва таъмини амниятро дар дохили кишварашон аз даст дода, ба майдони ҷанг ва бархӯрди манфиатҳои гурӯҳҳои манфиатҷӯ табдил ёфта истодаанд. Ин омилҳои сиёсӣ ба мо ҳушдор медиҳанд, ки роҳу усулҳои ҳифз ва таҳкими абадияти сулҳу ваҳдати миллиро дар кишварамон омӯзем ва сулҳу ваҳдатро дар ватанамон ҷовидонӣ нигоҳ дорем. Мо ба ҳамаи мақсаду ҳадафҳоямон танҳо дар ҳамон сурате мерасем, ки сулҳу ваҳдат дар кишварамон пойдору ҷовидон бошад.  Амалӣ намудани ин ҳама омолҳо дар ҷодаи давлатдорию давлатсозӣ ба дӯши мо  вогузор мебошад, ки ин рисолати бениҳоят пурифтихор ва пуршараф аст. Аммо набояд фаромӯш кард, ки ҳамаи ҳадафҳои мо танҳо дар фазои сулҳу осоиш ва танини ваҳдати миллӣ амалӣ мегарданд.  Мо бояд миллати сарбаланди худро ҳатман ба орзуҳояш расонем,- афзуд Маликшо Неъматзода.

Мавсуф  илова кард, ки “мо ҳанӯз дар сароғози бунёди давлатдории миллии худ қарор дорему ҳадафи асосии мо бунёди давлати мутамаддини миллӣ мебошад ва мутмаин бар онам, ки маҳз бо раҳнамоии оқилонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ин рисолати хешро бо сарбаландӣ  ба ҷо меорем”.

Инчунин дар ҳамоиш сармуҳаррири рӯзномаи “Ваҳдат” Умруддин Юсупов, шоири шинохта Хайрандеш  ва дигарон дар васфи ваҳдат,  сулҳу субот  ва дастоварҳои ба шарофати он ба дастомадаи миллат изҳори назар  намуданд.

Ҳамоиш бо барномаи  фарҳангӣ, ки дар он санъаткорони маъруфи тоҷик Чилахон Хол, Фахриддини Малик ва Шуҳрат Сайнак дар васфи ваҳдати миллӣ ва пойдории он сурудҳо сароиданд, хотима ёфт.

Мавриди зикр аст, ки ҳамасола 27 июн дар мамлакат Рӯзи ваҳдати миллӣ таҷлил карда мешавад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 23, 2021 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба 80 хонандаи ниёзманди ноҳияи Айнӣ либоси мактабӣ тақдим гардид
«БЕҲТАРИН ШАХСИ ҲУҚУҚДОН». Таҳти чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт озмун доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Дар Маркази мероси хаттӣ бахшида ба Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Барои расидан ба саодати миллӣ бояд меъёрҳои қонунҳо риоя гардад
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ сарбозони ятими кулл дар мавзеъҳои ҷолиби вилояти Суғд сайр намуданд
Аз барафрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 13 сол сипарӣ гардид
Дар майдонҳои «MegaFon Football Day: бозӣ бо ситораҳо» шуморо чӣ интизор аст?
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад