Ваҳдати миллӣ — омили сарҷамъӣ, сулҳу субот ва шукуфоии Тоҷикистон-бардошт аз ҳамоиш дар Академияи идоракунии давлатӣ

Июнь 21, 2021 14:29

ДУШАНБЕ, 21.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ — заминаи рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид.

Тавре аз Академияи идоракунии давлатӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳамоишро декани факултети дипломатия ва сиёсати Академия  Далер Қодирзода ифтитоҳ намуда, доир ба нақш ва аҳамияти Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таъмини рушди устувори мамлакат  ибрози назар кард.

Мавсуф ваҳдати миллиро волотарин арзиши миллати тоҷик арзёбӣ  намуда, зикр кард, ки маҳз ваҳдат омили сарҷамъӣ ва шодиву нишоти мардум ва шукуфоии диёр аст.

Дар маърӯзаи Раиси кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам мафҳуми ваҳдати миллӣ чун ибораҳои ифодагари ормонҳои миллӣ, осоишу ободӣ,  фарзонагӣ, амну субот ва меҳру садоқат ба миллату сарзамин баён гардид. Шоира ваҳдати миллиро беҳтарин неъмат, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, нумӯи даврон, ҳастии миллат   арзёбӣ намуда, иштирокдоронро ба таҳкими сулҳи бебозгашт ва ваҳдати сартосарӣ даъват намуд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ.Муртазозода бо маърӯзаи пурмӯҳтаво таҳти унвони «Конститутсияи соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон – санади аввалини Ваҳдати миллӣ» баромад намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки «Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд. Қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо рӯйдоди дорои аҳамияти бузурги таърихиву сиёсӣ буда, сарчашмаи соҳибистиқлолии миллат ва пойдории давлати миллӣ маҳсуб меёбад».

Равшан Раҷабзода дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ ҳамчун асоси рушди қонунгузории мамлакат» ва муҳаққиқу  сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзӯи «Таҳаввули мафҳумӣ ва арзёбии вазъияти имрӯзаи ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  маърӯза намуда, мафҳуми ваҳдати миллиро аз нигоҳи илмӣ, ҳуқуқӣ, таърихӣ ва ҳам сиёсӣ шарҳ доданд.

Ҳамзамон  дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби устодони кафедраҳои факултет дар мавзӯъҳои «Ваҳдати миллӣ-бузургтарин ва арзишмандтарин дастоварди замони соҳибихтиёрӣ», «Нақши Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар мукаммалгардонии низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Саҳми Пешвои миллат дар барқарор гардидани Ваҳдати миллӣ», «Равандҳои сиёсии Ваҳдати миллӣ», «Нақши кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар дастёбии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ», «Таҷрибаи сулҳи тоҷикон», «Сулҳ ва Ваҳдати тоҷикон» суханронӣ карданд.

Дар қисмати музокираҳо андешаҳои судманд  изҳор   гардида, иштирокдорон вобаста ба таҳкими сулҳу субот ва ҳифзи ваҳдати миллӣ пешниҳодҳои муфид намуданд.

АКС: Академияи идоракунии давлатӣ

Июнь 21, 2021 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид