Вазирони иқтисоди Тоҷикистон ва Афғонистон дурнамои тавсеаи ҳамкории иқтисодиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 25.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Форуми иқтисодии Созмони Ҳамкории Шанхай /СҲШ/, ки дар Душанбе дар мавзӯи «Тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия» доир гардид, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Карима Ҳамид Форёбӣ мулоқот намуда, масъалаҳои тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Завқӣ Завқизода зикр намуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистон дар асоси принсипҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек, ки аз таърихи қадимаи мо сарчашма мегиранд, асос меёбанд. Ин ҳамкории судманд ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи сарони давлатҳои мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ босуръат рушд карда истодааст.
Дар ҷарёни вохӯрӣ, ҷонибҳо бо мақсади афзоиши гардиши савдои мутақобилаи байни кишварҳо вобаста ба таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо ҷалби сармоягузорон аз Афғонистон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор, мусоидат ба татбиқи сареъи хатти бузурги интиқоли барқи CASA-1000 ва роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, такмили ташкили савдои наздисарҳадӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.
Акс аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ








Дар Лондон масъалаҳо оид ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон баррасӣ гардиданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР АМНИЯТИ КИБЕРӢ. Андешаҳо оид ба имконот ва таъсири он ба мудофиаи киберӣ
Дар Душанбе ҷаласаҳои муштараки соҳаи алоқаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегарданд
Дар мавзуи «Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳукумати электронӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Хуросон ҷамъоварии пахта идома дорад
Эъломияи Сеул ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Кореяро дар соҳаи зеҳни сунъӣ тақвият медиҳад
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
Содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Корея баррасӣ гардид
Ҷаласаи 25-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай доир шуд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Турсунзода ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Бо имзои санади ҳамкорӣ Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар соҳаи роҳи оҳан таҳким мебахшанд






