26 июл Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати фарҳанг, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Маркази тадқиқоти стратегӣ нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Июль 23, 2021 12:44

ДУШАНБЕ, 23.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 26 июл Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Кумитаи рушди сайёҳӣ соати 08:00 дар Маркази тиҷоратии «Созидание», ошёнаи 2 баргузор мешавад.

Вазорати фарҳанг нишасти матбуотиро соати 09:00 дар маҷлисгоҳи вазорати мазкур  баргузор менамояд.

Нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ доир мешавад.

Маркази тадқиқоти стратегӣ нишасти матбуотиро соати 11:00 дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мегузаронад.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои 238-54-23, 888-08-34-04 мувофиқа намоянд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» —www.khovar.tj  ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Июль 23, 2021 12:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Айнӣ беморхонаи минтақавӣ бунёд карда мешавад
Таҷрибаи Тоҷикистон дар ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар доираи СҲШ муаррифӣ карда шуд
20 АПРЕЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Ин мақомот сиёсати ҳуқуқии давлатро таъмин мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қулфинай фаромӯшхотириро кам мекунад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун вохӯрӣ намуд
ҲХДТ ва Ҳизби коммунистии Чин робитаҳоро густариш медиҳанд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Доир ба татбиқи грантҳои Хазинаи пандемикӣ дар Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид