Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон барои иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 муайян шуд

Июль 14, 2021 16:55

ДУШАНБЕ, 14.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ёздаҳ нафар варзишгарони шинохтаи тоҷик барои парафшон намудани Парчами  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 июл  ба макони Бозиҳои олимпии  Токио-2020  сафар мекунанд.  

Бозиҳои олимпӣ дар олами варзиш қуллаи баландтарин маҳсуб ёфта, варзишгарон муддати чаҳор сол бо заҳмату талошҳои пайваста ва иштирок дар мусобиқаҳои китъавию ҷаҳонӣ ва ба даст овардани холҳои олимпӣ соҳиби роҳхати ин мусобиқаи сатҳи олӣ мегарданд. Агар ба даст овардани роҳхати олимпӣ бо он ҳама заҳматҳои чорсола як тарафи масъала бошад, сазовор шудан ба медали олимпӣ қаҳрамониест, ки бо шикаст додани чемпионҳои ҷаҳонӣ ба даст меояд. Аз ин ҷост, ки давлатҳои абарқудрат низ ҳамасола талоши зиёд менамоянд, ки варзишгарони худро барои сафарбар намудан ба Бозиҳои олимпӣ омода намудаву медалҳои зинаи аз ҳама баланди варзиширо соҳиб гарданд. Тайи солҳои охир  варзишгарони тоҷик барои роҳхат гирифтану иштирок дар   баландтарин мусобиқаҳои варзишӣ талош дошта, хушбахтона, тавонистаанд чандин маротиба медалҳои ин гуна мусобиқаҳоро ба мамлакатамон оранд. Дар Бозиҳои олимпии имсола қарор аст 11 варзишгари муваффақи кишвар шарафи варзиши Ватанро ҳимоя кунанд.

Ин аст, ки тасмим гирифтем хонандагони   сомонаи АМИТ «Ховар»-ро бо ҳайати дастаи  мунтахаби  олимпии Тоҷикистон, ки имсол дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 иштирок мекунад, шинос намоем.

  1. БАҲОДУР УСМОНОВ

Муштзани ҷавону умедбахши кишвар Баҳодур Усмонов аввалин варзишгаре мебошад, ки миёни дигар варзишгарон дар мамлакат роҳхати Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020-ро ба даст овард. Ӯ дорандаи медали тиллои Чемпионати Осиё оид ба бокс-2019 аст, ки онро дар мусобиқаи интихобӣ оид ба бокс дар вазни -63 кг дар қораи Осиё/Уқёнус, ки 3-11 марти соли 2020 дар шаҳри Аммони Урдун баргузор гардида буд, сазовор шудааст.

  1. ШАББОС НЕГМАТУЛЛОЕВ

Шаббос Негматуллоев пас аз Баҳодур Усмонов роҳхати иштирок дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020-ро аз намуди бокс соҳиб шудааст. Ӯ низ дар мусобиқаи интихобӣ оид ба бокс дар вазни 81 кг дар қораи Осиё/Уқёнус, ки– 3-11 марти соли 2020 дар шаҳри Аммони Урдун баргузор гардида буд, бо ба даст овардани медали нуқраи мусобиқа дар вазни 81 кг соҳиби роҳхати олимпӣ гардид.

  1. СОМОН МАҲМАДБЕКОВ

Сомон Маҳмадбеков иштирокчии мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аврупоӣ ва осиёӣ буда, нахустин чемпиони дзюдои  ҷаҳон миёни ҷавонон аз Тоҷикистон мебошад, ки моҳи октябри соли 2019 дар Марокаш медали тиллоро соҳиб гардид. Инчунин моҳи августи соли 2019 дар мусобиқаи дзюдои  ҷаҳон миёни мардон дар Токио ширкат варзида, барандаи мақоми ифтихории 5 ва моҳи ноябри соли 2019 дар шаҳри Осакаи Япония дар мусобиқаи бонуфузи Осака Гранд Слам — 2019 аз намуди гӯштини дзюдо  мақоми сеюмро сазовор шудааст. Сомон дар рейтинги ҷаҳонии дзюдо миёни ҷавонон дар мақоми 1 — ум ва миёни бузургсолон (мардон) дар зинаи 16 — ум қарор дорад. Ӯ бо касби 3580 имтиёз дар раддабандии Федератсияи байналмилалии  дзюдо  роҳхати Бозиҳои олимпиро дар вазни -73 кг ба даст овард.

  1. АКМАЛ МУРОДОВ

Варзишгари муваффақу комёри тоҷик дар риштаи дзюдо  Акмал Муродов чорумин нафарест, ки аз намуди дзюдо  саҳмияи олимпӣ  ба даст овардааст. Ӯ то ин дам дар корномаи варзишии худ 49 рақобат анҷом дода, дар 17-тои он ғолибияти пурра ба даст овардааст. Тибқи иттилои Федератсияи дзюдои  Тоҷикистон, Акмал Муродов бо касби 1009 имтиёз дар вазни -81 кг дар раддабандии ҷаҳонӣ дар зинаи 53-юм қарор дошта, роҳхати Бозиҳои олимпиро тавассути квотаи минтақавӣ ба даст овардааст.

  1. КОМРОНШОҲИ УСТОПИРИЁН

Паҳлавони номовари тоҷик дар риштаи гӯштини дзюдо  буда, соли 2016 дар чемпионати Осиё дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон дар вазни то 90 килограмм соҳиби медали тилло гардид. Ин дастовард Комроншоҳро нахустин чемпиони тоҷик дар риштаи дзюдо  дар Осиё гардонид. Ӯ пас аз пирӯзии нахустин соли 2017 бори дуввум дар мусобиқаи мазкур дар Ҳонгконг дар вазни то 90 килограмм рақобат намуда, барандаи медали тилло гардид ва маротибаи дуввум унвони чемпиони Осиёро аз намуди гӯштини дзюдо  дар корномаи варзишии худ сабт намуд. Ӯ то ин муддат 196 рақобат анҷом дода, дар 112-тои он ғалаба ба даст овардааст. Комроншоҳи Устопириён айни замон бо 2944 имтиёз дар раддабандии ҷаҳонӣ дар мақоми 23-юм қарор дошта, мустақиман саҳмияи Бозиҳои олимпиро ба даст овардааст.

  1. ТЕМУР РАҲИМОВ

Паҳлавони  маъруфи тоҷик, дорандаи медали биринҷии Гран-при-Марокаш, иштирокчии мусобиқаи бонуфузи «Doha Masters 2021», барандаи мақоми ҳафтуми GRAND SLAM TEL AVIV дар Исроил, барандаи мақоми панҷуми мусобиқаи бонуфузи «Tashkent Grand Slam-2021» ва ҳамзамон барандаи мақоми ҳафтуми чемпионати ҷаҳон аз намуди дзюдост. Пирӯзии Темур дар қаҳрамонии ҷаҳон боис шуд, ки мавқеашро дар раддабандии имтиёздорони олимпӣ беҳтар намуда, ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мустақиман роҳхат гирад. Ёдовар мешавем, ки дар феҳристи кунунии олимпӣ, ки дар сомонаи Федератсияи байналмилалии дзюдо нашр шудааст, Темур Раҳимов миёни 255 дзюдочии ҷаҳон, ки дар вазни +100 кг баромад мекунанд, бо 3241 имтиёз дар мақоми 21-ум қарор дорад.

  1. ГУЛСУНБӢ ШАРИФОВА

Бонуварзишгари муваффақу серталоши тоҷик Гулсунбӣ Шарифова аз намуди варзиши сабук имкони иштирок дар олимпиадаи имсоларо пайдо намуд. Ӯ дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ӯзбекистон меъёри муайянкардаи варзиши сабуки ҷаҳониро дар масофаи 200 метр иҷро карда, роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст овард. Ёдовар мешавем, ки Гулсунбӣ Шарифова ба ғайр аз он ки дар масофаи 200 метр бо натиҷаи 22.72 сония медали тилло ва меъёри олимпиро (22.80) иҷро кард, дар масофаи 100 метр низ бо натиҷаи 11.41 сония сазовори ҷои аввал шуд.

  1. ИЛДАР АҲМАДИЕВ

Илдар яке аз муваффақтарин варзишгарони риштаи варзиши сабук дар мамлакат маҳсуб ёфта, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба варзиши сабук мебошад. Ӯ то ин муддат бо маҳорати олии варзишии хеш дар мусобиқаҳои зиёди қитъавию байналмилалӣ иштирок намудаву парчами Тоҷикистонро дар кишварҳои зиёди олам партавафшон кардааст. Айни ҳол Илдар Аҳмадиев тавассути саҳмияи универсалии Федератсияи байналмилалии варзиши сабуки ҷаҳонӣ имкони иштирок дар олимпиадаро дар намуди дав ба масофаи 100 метр пайдо намуд.

  1. ОЛИМҶОН ИШАНОВ

Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба шиноварӣ Олимҷон Ишанов тавассути саҳмияи универсалии Федератсияи байналмилалии шиноварӣ имкони иштирок дар Олимпиадаи имсоларо дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр, дар намуди тарзи озод пайдо намуд. Мувофиқи муқаррароти Федератсияи байналмилалии шиноварӣ, ба кумитаҳои миллии олимпие, ки варзишгарони дараҷаҳои “А” ва “В” миёни мардон ва занон надоранд, иҷозат дода мешавад, ки дар яке аз мусобиқаҳои варзишӣ беҳтарин варзишгари мард ва занро пешниҳод намоянд. Ҳамин тариқ Олимҷон Ишанов аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба шиноварӣ бо касби 336 хол мавқеи беҳтарро соҳиб буда, роҳхати Бозиҳои олимпии Токиоро ба даст овард. Ӯ иштирокчии Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де Жанейро-2016 ва Чемпионати ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ соли 2019 дар Корея мебошад, ки талаботи дигари баҳравар шудан аз саҳмияи универсалӣ аст.

  1. АНАСТАСИЯ ТЮРИНА

Анастасия Тюрина низ тавассути саҳмияи универсалии Федератсияи байналмилалии шиноварӣ имкони иштирок дар олимпиадаро дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр, дар намуди тарзи озод пайдо намуд. Мувофиқи радабандии Федератсияи байналмилалии шиноварӣ аз кишвари мо миёни бонувон Анастасия Тюрина бо касби 492 хол мавқеи беҳтарро соҳиб буда, аз рӯи натиҷаҳои қаблӣ роҳхат ба даст овард. Анастасия Тюрина низ иштирокчии Бозиҳои олимпии Рио-де Жанейро-2016 ва Чемпионати ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ соли 2019 дар Корея буда, ҳамзамон иштирокчии 3-юмин Бозиҳои олимпии наврасон дар Буэнос Айрес мебошад, ки талаботи дигари соҳиб шудан ба саҳмияи олимпист.

  1. СИЁВУШ ЗУҲУРОВ

Сиёвуш Зуҳуров тавассути раддабандии қоравии гурӯҳи махсуси Кумитаи байналмилалии олимпӣ оид ба бокс имкони иштирок дар Олимпиадаи имсоларо дар вазни +91кг пайдо намуд. Ёдовар мешавем, ки бинобар сабаби бемории ҳамагири коронавирус ва пандемияи сартосарӣ гурӯҳи махсуси Кумитаи байналмилалии олимпӣ оид ба бокс мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳонро барҳам дода, квотаҳои пешбинишударо тибқи раддабандӣ тақсим намуд. Ҳамин тариқ, Сиёвуш Зуҳуров ҳамчун иштирокчии аввалин Бозиҳои олимпии наврасон – Сингапур-2010, мусобиқаҳои зиёди байналмилалӣ ва ҳамчунин дорандаи мақоми панҷуми Чемпионати Осиё-2021 дар Дубай сазовори роҳхати Бозиҳои олимпӣ гардид.

 

Таҳияи Меҳрони Қурбон,
 шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»

Июль 14, 2021 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТЗАЛ. Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021» соҳиби мақоми панҷум шуд
Темур Раҳимов низ аз идомаи рақобатҳои Бозиҳои олимпӣ маҳрум шуд
ДЗЮДО. Темур Раҳимов ба даври 1/8-финали Бозиҳои олимпӣ роҳ ёфт
Боксчии тоҷик Сиёвуш Зуҳуров аз идомаи рақобатҳои Бозиҳои олимпӣ маҳрум шуд
ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Тӯли шаш моҳ дар мамлакат 72 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуданд
Паҳлавони тоҷик Комроншоҳ Устопириён аз идомаи рақобатҳои Бозиҳои олимпӣ маҳрум шуд
Дар Хоруғ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ мусобиқа оид ба футболи хурд гузаронида шуд
ФУТЗАЛ. Тоҷикистон дастаи мунтахаби Литваро бо ҳисоби калон мағлуб намуд
Паҳлавони тоҷик Акмал Муродов бо як пирӯзӣ ва як бохт Бозиҳои олимпиро ҷамъбаст намуд
БОКС. Ҳарифи дуюми Баҳодур Усмонов дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 муайян шуд
Паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков бо ду пирӯзӣ ва як бохт Бозиҳои олимпиро ҷамъбаст намуд
Имрӯз гурӯҳи дуюми ҳайати олимпии Тоҷикистон ба Токио сафар кард

Маводҳои таҳлилӣ