Ба сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни шаҳри Исфара калиди хонаҳои нав супорида шуд

Июль 3, 2021 09:10

ДУШАНБЕ, 03.07.2021 /АМИТ«Ховар»/.  Дирӯз ба сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни шаҳри Исфара аз тарафи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода калиди хонаҳои нав супорида шуд. Барои 29 оила дар ду деҳаи зикршуда хонаҳои нав бунёд ва бо асбобу лавозимоти зарурии рӯзгор ба соҳибонашон супорида шуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Хонаҳои сокинон бар асари даргириҳои мусаллаҳонаи охири моҳи апрел хароб шуда буд ва бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кутоҳ барои зарардидагон хонаҳои нав бунёд гардида, бо тамоми ҷиҳози зарурӣ, аз ҷумла кӯрпаву кӯрпача, пиёлаву чойник то мошинаи ҷомашӯӣ, яхдону телевизор, тафдон ва сӯзану риштаву болину қолин таъмин мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки рафти сохтмони хонаҳо зери назорати Сарвари давлат қарор дошт ва бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари вилоят борҳо аз маҳалли сохтмони хонаҳо боздид карда, барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шуд.

Сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни шаҳри Исфара аз таваҷҷуҳи хосаи Президенти мамлакат миннатдории худро баён дошта, ба роҳбарияти давлату Ҳукумат изҳори сипос намуданд.

АКСҲО аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июль 3, 2021 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд