Бинои иловагии истироҳатгоҳи «Авитсеннаи Истаравшан» мавриди истифода қарор дода шуд

Июль 6, 2021 09:47

ДУШАНБЕ, 06.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни  30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Истаравшан бинои иловагии истироҳатгоҳи «Авитсеннаи Истаравшан» бо маблағи  2 925 711 сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бинои иловагии истироҳатгоҳи «Авитсеннаи Истаравшан» аз 3 ошёна ва  110 кат  иборат буда, дар он барои истироҳаткунандагон  тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.  Дар бинои мазкур ҳавзи шиноварӣ ва мавзеҳои нави истироҳатӣ низ ташкил шуда, шароити фароҳамгардида имконият медиҳад, ки ба сокинону меҳмонон дар сатҳи баланд хизмат расонида шавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои иловагии истироҳатгоҳ  ба сифати иншооти сохташуда баҳои баланд дода, барои  боз ҳам беҳтар намудани хизматрасониҳо ба роҳбарияти истироҳатгоҳ тавсияҳо дод.

 

АКС аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан

Июль 6, 2021 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд