Бинои иловагии истироҳатгоҳи «Авитсеннаи Истаравшан» мавриди истифода қарор дода шуд
ДУШАНБЕ, 06.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Истаравшан бинои иловагии истироҳатгоҳи «Авитсеннаи Истаравшан» бо маблағи 2 925 711 сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бинои иловагии истироҳатгоҳи «Авитсеннаи Истаравшан» аз 3 ошёна ва 110 кат иборат буда, дар он барои истироҳаткунандагон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Дар бинои мазкур ҳавзи шиноварӣ ва мавзеҳои нави истироҳатӣ низ ташкил шуда, шароити фароҳамгардида имконият медиҳад, ки ба сокинону меҳмонон дар сатҳи баланд хизмат расонида шавад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои иловагии истироҳатгоҳ ба сифати иншооти сохташуда баҳои баланд дода, барои боз ҳам беҳтар намудани хизматрасониҳо ба роҳбарияти истироҳатгоҳ тавсияҳо дод.
АКС аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаҳои Обигарм, Себистон ва Лолагии шаҳри Ҳисор кӯдакистону муассисаҳои таълимӣ бунёд мегарданд
Бахшида ба Ҳафтаи илми тоҷик дар Хонаи китоби Тоҷикистон конференсияи илмӣ доир шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар шаҳраки Сарводаи ноҳияи Айнӣ Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд карда мешавад
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Шаҳри Хоруғ дар даври вилоятии ин озмун сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар ноҳияи Айнӣ беморхонаи минтақавӣ бунёд карда мешавад
Маркази «Ганҷинаи ҳунаристони маърифат ва фарҳанги миллӣ» ба фаъолият оғоз намуд
Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо фаъолони шаҳри Ҳисор тавзеҳ дода шуданд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — АСОСГУЗОРИ ИСЛОҲОТИ ҲУҚУҚӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОН. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш барои 280 нафар кӯдакистон сохта мешавад
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Конибодом коргоҳи бастубанди меваи хушк сохта мешавад
Роҳҳои деҳаҳои Шафақу Тезгари болои ноҳияи Рӯдакӣ мумфаршу бетонпӯш карда шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмуни «Топ-35- шарики боэтимоди сол» баргузор мегардад






