БОКС. Ҳарифи дуюми Баҳодур Усмонов дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 муайян шуд
ДУШАНБЕ, 26.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муштзани маъруфи тоҷик Баҳодур Усмонов, ки 25 июл дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 дар даври муқаддамотӣ дар вазни то 63 кило бар ҳарифаш Леонел Сантоз Нунез аз Доминикан бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд, дар даври баъдӣ бо Элнур Абдураимов, варзишгари қазоқтабори узбекистонӣ рақобат мекунад. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Қувваозмоӣ миёни Баҳодур Усмонови 23-сола (либоси сурх) ва Элнур Абдураимови 27-сола (либоси кабуд) 31 июл, соати 12:51 бо вақти маҳаллӣ (08:51 бо вақти Душанбе) шурӯъ мешавад. Муштзани узбекистонӣ ҳам рӯзи якшанбе дар рақобати аввалини худ бар Чинзонг Баатарсух аз Муғулистон бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд.
Хотиррасон мешавем, ки Элнур Абдураимов барандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон дар соли 2015 дар Қатар мебошад. Ӯ соли 2017 дар чемпионати ҷаҳон дар Ҳамбурги Олмон мақоми панҷумро соҳиб шудааст. Инчунин Элнур Абдураимов соли 2017 дар чемпионати Осиё дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон бо медали тилло сарфароз шуд. Имсол дар чемпионати Осиё дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Баҳодур Усмонов соли 2019 дар шаҳри Бангкоки Тайланд ба унвони чемпиони Осиё даст ёфт. Ӯ дар чемпионати ҷаҳон соли 2019 дар шаҳри Екатеринбурги Россия мақоми нуҳумро касб карда, имсол дар чемпионати Осиё дар Дубай медали биринҷӣ гирифт.








Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад






