Барномаи «Дармон»-и Радиои «Ховар»: Дар бораи иммунизатсия бар зидди COVID-19 чиро бояд донист?
ДУШАНБЕ, 08.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ маъракаи иммунизатсияи бар зидди бемории COVID-19 идома дорад. Мутахассисони соҳаи тиб яке аз роҳҳои асосии мубтало нашудан ба бемории COVID-19-ро дар риояи қойидаҳои беҳдоштӣ ва гирифтани ваксина бар зидди сирояти мазкур арзёбӣ мекунанд ва таъкид менамоянд, ки бо гузашти қариб ду сол ҳанӯз ҳам хатари ин беморӣ рафъ нашудааст. Аммо мушоҳидаҳо нишон доданд, ки иддае аз шаҳрвандон аз гирифтани ваксина худдорӣ кардаанд ва ё гурӯҳи дигар, ки бемории мазкурро паси сар намудаанд, онҳо низ аз гирифтани ваксина даст кашидаанд. Пас суоли матраҳ ин аст, ки амали ин нафарон дуруст аст ва ё баръакси ҳол? Нафароне, ки гирифтори ВНМО мебошанд, онҳо низ ба ваксина фаро гирифта мешаванд? Ин беморон COVID-19-ро мисли дигарон паси сар мекунанд ва ё вазнинтар?
Ба ин ва дигар саволҳои марбут ба бемории COVID-19 ва маъракаи иммунизатсияи бар зидди бемории мазкур Директори Муассисаи давлатии Маркази саломатии шаҳрии №10 Сабзаалӣ Муродзода ва Директори Маркази шаҳрии мубориза бо ВНМО Дилшод Сайбурҳонов дар барномаи «Дармон» посух мегӯянд.
Шумо метавонед ин барномаро имрӯз — 08.07.2021 соати 09:30 (асл) инчунин такроран соатҳои 17:30 ва 21:30 дар пешниҳоди муҳаррир ва масъули барнома Нарзулло Ализода аз мавҷи Радиои «Ховар» 101,5 FM бишнавед.