Барномаи «Дармон»-и Радиои «Ховар»: Дар бораи иммунизатсия бар зидди COVID-19 чиро бояд донист?

Июль 8, 2021 09:02

ДУШАНБЕ, 08.06.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ маъракаи иммунизатсияи бар зидди бемории COVID-19 идома дорад. Мутахассисони соҳаи тиб яке аз роҳҳои асосии мубтало нашудан ба бемории COVID-19-ро дар риояи қойидаҳои беҳдоштӣ  ва гирифтани ваксина бар зидди сирояти мазкур арзёбӣ мекунанд ва таъкид менамоянд, ки бо гузашти қариб ду сол ҳанӯз ҳам хатари ин беморӣ рафъ нашудааст. Аммо мушоҳидаҳо нишон доданд, ки  иддае аз шаҳрвандон аз гирифтани ваксина худдорӣ кардаанд ва ё гурӯҳи  дигар, ки бемории мазкурро паси сар намудаанд, онҳо низ аз гирифтани ваксина даст кашидаанд.  Пас суоли матраҳ ин аст, ки амали ин нафарон  дуруст аст ва ё баръакси ҳол? Нафароне, ки гирифтори ВНМО мебошанд, онҳо низ ба ваксина фаро гирифта мешаванд? Ин беморон  COVID-19-ро мисли дигарон паси сар мекунанд ва ё вазнинтар?

Ба ин ва дигар саволҳои марбут ба бемории COVID-19 ва  маъракаи иммунизатсияи бар зидди бемории мазкур Директори Муассисаи давлатии Маркази саломатии шаҳрии №10 Сабзаалӣ Муродзода ва Директори Маркази шаҳрии мубориза бо ВНМО Дилшод Сайбурҳонов дар барномаи «Дармон» посух мегӯянд.

Шумо метавонед ин барномаро имрӯз — 08.07.2021 соати 09:30 (асл)  инчунин  такроран соатҳои 17:30 ва 21:30 дар пешниҳоди муҳаррир ва масъули барнома Нарзулло Ализода аз мавҷи Радиои «Ховар»  101,5  FM   бишнавед.

Июль 8, 2021 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад