COVID-19. Дар Тоҷикистон 24 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд

Июль 1, 2021 20:17

ДУШАНБЕ, 01.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 24 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 16 нафар пас аз муоилиҷа солим гардонида шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 1 июл дар кишвар 13523 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13318 нафар (98,5%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 90 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Июль 1, 2021 20:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Зиндагии орому осудаи мардуми мо ба қимати ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони ватандӯсту ҷоннисор ва бонангу номуси халқи тоҷик ба даст омадааст»
Пешвои миллат: «Қувваҳои Мусаллаҳ дар айёми барои халқи Тоҷикистон ва давлати тоҷикон ниҳоят ҳассосу сарнавиштсоз хизмати ҷавонмардонаву таърихӣ анҷом доданд»
ҲИФЗИ ОЗОДАПАЛАНГ. Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатӣ оид ба ҳифзи бабри барфӣ барои солҳои 2024-2028» қабул гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Корҳои омодагӣ ҷиҳати баргузор намудани Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оғоз гардиданд
ПАЙОМАДИ КАМБОРИШУ ХУШК ОМАДАНИ ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОН. Он то 30-40 фоизи ҳосили зироати кишоварзиро талаф медиҳад
Эмомалӣ Раҳмон: «Таъкид месозам, ки ҳар оилаи мамлакат бояд ба муҳлати то ду сол захираи маводи зарурии ғизоӣ дошта бошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Сада моҳиятан тақвими чиллашуморӣ аст»
Бемасъулиятӣ ё қафомондагӣ? Сомонаи расмии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи имрӯз ҷавобгӯ нест. Чаро?
Президенти Тоҷикистон: «Камборишу хушк омадани тирамоҳу зимистони имсола моро водор месозад, ки тамоми имкониятро самаранок истифода намоем»
ТОҶИКИСТОН ВА ҚАТАР. Андешаҳо доир ба афзалият ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба
ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ – МЕҲВАРИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ҶАВОНОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода
Президенти Тоҷикистон зимни мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони Қатар 8 бахши ояндадорро муаррифӣ намуданд