COVID-19. Дар Тоҷикистон 29 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд

Июль 8, 2021 19:44

ДУШАНБЕ, 08.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон  29 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин  24 нафар пас аз муоилиҷа солим гардонида шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 8 июл дар кишвар 13719 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13461 нафар (98,2%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 97 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Июль 8, 2021 19:44

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тағйирёбии ҳаво ба саломатии инсон чӣ гуна таъсир мерасонад?
РӮЗИ ЁДКАРДИ МАВЛОНО. Руҷуъ ба суханонии Президенти Тоҷикистон дар бораи Ҷалолиддини Балхӣ
Кумаки башардӯстона Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиёда аз 120 ҳазор шахсони эҳтиёҷманди Афғонистон тақсим гардид
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ! Дар Тоҷикистон барои даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ корҳои омодагӣ ҷараён доранд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки Маркази миллии тарҷумаи назди Ҳукумати Тоҷикистон таъсис дода шавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон беэътиборӣ ё беэҳтиромиро нисбат ба забон қотеътарин далели надоштан ё гум кардани ҳисси миллӣ номиданд
Шумораи қурбониёни тирпаронӣ дар Ижевски Россия ба 17 нафар расид
БОҒИ ДӮСТИИ ТОҶИКОНУ УЗБЕКҲО ДАР СИМОИ ПРЕЗИДЕНТОНИ ДУ ДАВЛАТ БОҒБОНҲОИ АСИЛИ ХУДРО ДОРАД. Ё чӣ гуна Шароф Рашидов ва пайравони ӯ решаҳои нахли дӯстиро мустаҳкамтар намуданд
БА ИСТИҚБОЛИ 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ. Адолат Раҳмонова: «Бузургӣ ва марди худодод будани Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон лаҳзаҳо аллакай ҳувайдо буд»
ҲАМЛАИ ТАҶОВУЗКОРОНАИ ҚИРҒИЗИСТОН. Имрӯз Раиси вилояти Суғд бо намояндагони ВАО мулоқот намуд
ПАС, ТАҶОВУЗКОР КИСТ? Сироҷиддин Муҳриддин аз минбари СММ натиҷаҳои ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистонро ба самъи ҷомеаи ҷаҳонӣ расонид
Фарҳод Раҳимӣ ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистонро ба шеваи таҳоҷуми гурӯҳҳои террористии байналмилалие, чун «Ал-Қоида»* ва «ДОИШ»* шабоҳат дод