COVID-19. Дар Тоҷикистон 51 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд

Июль 20, 2021 21:31

ДУШАНБЕ, 20.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 51 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 43 нафар пас аз муоилиҷа солим гардонида шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Инчунин аз бемории мазкур 2 нафар фавтидааст.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 20 июл дар кишвар 14228 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13801 нафар (97,0%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 114 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.

Июль 20, 2021 21:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«Туту.ру»: Тоҷикистон ба панҷгонаи маъруфтарин кишварҳои мавсими махмалин барои русиягиҳо шомил гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Бахшида ба ин сана дар Тоҷикистон Анҷумани VIII маҳфили «Ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд» оғоз меёбад
БАРОИ ЭЛЕКТРОМОБИЛҲО ЧАРОҒАК САБЗ АСТ. Тоҷикистон ният дорад истифодаи чунин воситаҳои нақлиётро афзоиш дода, воридоти онҳоро аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод кунад
Узбекистон тасмим гирифтааст, ки миёни Бухоро ва Душанбе хатсайри мустақим ифтитоҳ намояд
ДАР АВРУПО БИНОБАР НОРАСОИИ ОБ ВА ХУШКСОЛӢ ДАРАҶАИ «СУРХ»-И ХАВФ ҶОРӢ ШУДААСТ. Тоҷикистон ва Нидерланд ба баргузории Конфронси СММ оид ба масъалаҳои об дар Ню Йорк омодагӣ мебинанд
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИН БОРА ҲУШДОР ДОДА БУДАНД. Пиряхҳои Антарктида аз ҳисоби 2-3 дараҷа гарм шудани об тезтар об мешаванд
КҲФ ҲУШДОР МЕДИҲАД: ЭҲТИЁТ КУНЕД! Аз 5 то 8 август дар Тоҷикистон омадани селҳои пиряхӣ эҳтимол дорад
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БОРҲО ДАР ИН МАВЗӮЪ ГУФТААНД. Барномаи СММ хабар медиҳад, ки ғарби ИМА метавонад бе об ва барқ бимонад
ОБХЕЗИИ ХАРОБИОВАР ДАР ЭРОН. Президенти Тоҷикистон ба Президенти Эрон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
COVID-19. Ба Тоҷикистон беш аз 2 миллион воя ваксинаи «КоронаВак» ворид гардид
ТАЛАБОТ БА ЧИПТАҲОИ ҲАВОПАЙМО 10 БАРОБАР ЗИЁД ШУД! Тоҷикистон миёни кишварҳои маъруфтарин барои сафари шаҳрвандони Русия дар ҷои дуюм қарор гирифт
ҲАВОИ МОҲИ АВГУСТ ДАР ТОҶИКИСТОН САЛҚИНТАР МЕШАВАД? Ба ин савол ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносӣ посух доданд

Маводҳои таҳлилӣ