COVID-19. Дар Тоҷикистон 37 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд

Июль 16, 2021 21:45

ДУШАНБЕ, 16.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 37 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 28 нафар пас аз муоилиҷа солим гардонида шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 16 июл дар кишвар 14037 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13659 нафар (97,3%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 110 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.

АКС аз манобеи боз
Июль 16, 2021 21:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарони Тоҷикистон ва Қазоқистон рӯзномаи мулоқоти қарибулвуқӯи сатҳи олӣ дар Остонаро баррасӣ карданд
Гебрейесус: ТУТ афзоиши сироятҳои COVID-19-ро интизор аст
БОРИ АВВАЛ ДАР ҲАЗОРОН СОЛ. 31 ибтикори барҷастаи Эмомалӣ Раҳмон, ки Тоҷикистонро ба таври назарррас дигаргун намуда, мавриди эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд
ЭМОМАЛӢ НОМ НИҲОДАН БА ФАРЗАНДОН НИШОНАИ МУҲАББАТИ БЕАНДОЗАИ МАРДУМ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Эҳдо ба зодрӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Сайид Иброҳим Раисӣ: «Мо шоҳиди саҳифаҳои нави ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон хоҳем шуд»
Илҳом Алиев ба он бовар аст, ки бо сипарӣ намудани роҳи мақсаднок Тоҷикистон минбаъд низ ба самти пешрафт ҳаракат мекунад
Реҷеп Тайип Эрдоган: «Мо барпо намудани ояндаи муштаракамонро дар асоси ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба идома хоҳем дод»
Роҳбари Чин Си Ҷинпин изҳор намуд, ки муносибатҳои хуби корӣ ва дӯстии қарини шахсӣ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро қадр менамояд
Владимир Путин ба обрӯю эътибори Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ баҳои баланд дод
Александр Лукашенко: «Мулоқоти дарпешистода бо Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамкории стратегии ду давлат такони иловагӣ хоҳад дод»
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев: Муносибатҳои гуногунҷанбаи Узбекистон ва Тоҷикистон минбаъд низ дар рӯҳияи дӯстии абадӣ инкишоф меёбанд
Владимир Путин Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро бо ордени «Барои хизмат дар назди Ватан» қадрдонӣ кард

Хабарҳои муҳимтарин