COVID-19. Имрӯз ба Тоҷикистон аз Чин 2 миллион воя ваксинаи «CoronaVaс» ва сӯзандору ворид гардид

Июль 28, 2021 11:52

ДУШАНБЕ, 28.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллион  воя ваксинаи «CoronaVaс» бар зидди бемории сирояти нави коронавируси COVID-19 ва сӯзандору ҳамчун кумаки башардӯстона ворид карда шуд.

Дар маросими қабули ваксинаи мазкур муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.


Сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ,  ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷафаров ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки  «тибқи тавофуқи пешакӣ байни  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба дастрас намудани кумакҳои башардӯстона ва таъмин намудани  Тоҷикистон бо ваксина ҷиҳати мубориза бо бемории сироятии нави коронавируси COVID- 19 дар навбати дуюми кумакҳои башардӯстона имрӯз 2 миллион воя ваксинаи «CoronaVaс»-и  ширкати «Sinovac»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон ворид шуд. Аз рӯи нақшаи чорабиниҳо ва тақсими ваксинаҳо ба минтақаҳои ҷумҳурӣ шурӯъ аз имрӯз ваксинаҳои воридшуда ба тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат вобаста ба шумораи аҳолии мақсаднок тақсим мегарданд ва ин тақвияти маъракаи ваксинатсия бар зидди сирояти нави коронавирус дар Тоҷикистон мебошад».

Ба гуфтаи Наврӯз Ҷафаров, дар назар аст, ки ҳафтаи оянда, яъне моҳи август тавассути механизми байналмилалии COVAX ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бастаҳои иловагии ваксинаи «AstraZeneca»-и истеҳсоли аврупоӣ ворид карда шаванд.

«То имрӯз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 4 миллион  воя ваксина ворид шуда, самаранок истифода шуда истодаанд. Ҳоло талаботи аҳолии мамлакат низ ба гузаронидани ваксина зиёд шуда истодааст. Зеро ҳамагон медонанд, ки ягона роҳи пешгирӣ ва наҷот аз ин сироят- ваксинакунонӣ мебошад. Аз ин лиҳоз вобаста ба шароит ва имконияти фароҳамшуда ба тамоми аҳолии мамлакат муроҷиат намуда, гуфтаниям, ки ба муассисаҳои тиббии маҳалли истиқоматии худ муроҷиат намуда, ваксина гиранд ва худро аз беморӣ эмин нигоҳ доранд»,- афзуд Н. Ҷафаров.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз  дар Тоҷикистон зиёда аз 474 ҳазор нафар аҳолӣ ваксинатсия карда шудаанд.

Июль 28, 2021 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид