COVID-19-РО ҶИДДӢ БИГИРЕД! Дар Ҳисор баҳри пешгирии ин бемории сироятӣ корҳои тарғиботӣ тақвият меёбанд
ДУШАНБЕ, 09.07.2021/АМИТ «Ховар»/. Корҳои тарғиботӣ дар самти мубориза бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар шаҳри Ҳисор пурзӯр карда мешаванд. Гурӯҳи таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, ки таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳр таъсис ёфтааст, ҷиҳати тақвияти чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии ин бемории сироятӣ дар маҳалҳо, муассисаю идораҳои шаҳр сафарбар гардида, миёни аҳолӣ ва кормандон корҳои тарғиботӣ ва пешгирӣ аз бемориро мебаранд. Дар ҳайати гурӯҳи кории мазкур роҳбарони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, нозирони минтақавии милитсия, мутахассисони соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла муассисаҳои давлатии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО, кумаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ шомил мебошанд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар асоси тавсияҳои ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаи ситоди шаҳрӣ дар шаҳр тадбирҳои муассири беҳдоштӣ андешида мешаванд.
Гурӯҳи корӣ ба ҷойҳои ҷамъиятие, ки ҷамъшавии бештари одамон ба мушоҳида мерасад, аз ҷумла кӯчаву маҳаллаҳои серодам, бозору терминалҳо рафта, корҳои фаҳмондадҳӣ ва насби ёддошту тақсими варақаҳои тавсиявӣ оид ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятиро роҳандозӣ намуданд.
Ҳамчунин бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, Муассисаи давлатии маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дар шаҳри Ҳисор ба сокинону меҳмонони шаҳр ниқоб ва китобчаҳои тавсиявӣ оид ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ тақсим гардид.Корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ бобати пешгирӣ аз хурӯҷи навбатии бемории COVID-19 тибқи нақша дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот идома меёбад.
Акс аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






