Дар деҳаи Чуқуркати шаҳри Турсунзода корҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ вусъат меёбанд
ТУРСУНЗОДА, 05.07.201 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони бо нангу номуси деҳаи Чуқуркати Ҷамоати деҳоти «10-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Турсунзода бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию ободониро вусъат мебахшанд. Соҳибкорон, фаъолон ва сокинони ҷамоати деҳоти мазкур бунёди 29 иншоотро ба нақша гирифта, дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ 21 иншоотро мавриди баҳрабардорӣ қарор додаанд. Дар 8 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.
Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи насли наврас имрӯзҳо дар деҳа сохтмони толори варзишӣ ва бинои синфхонаҳои иловагӣ дар ҷараён аст. Сокинони ин деҳа ният доранд, ки сохтмони иншооти мазкурро бо сифати баланд ба итмом расонида, мавриди истифодаи насли наврас қарор диҳанд.
Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода дар мулоқот ба сокинони ин деҳа миннатдории худро ҷиҳати саҳми арзанда гузоштан дар таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ баён намуда, ба ҳалли масъалаҳои ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони маркази хизматрасонӣ ва мағоза, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, дастрасӣ намудани сутунпояҳои оҳанию бетонӣ барои интиқоли неруи барқ, расонидани кумаки моддӣ барои табобат, ҳуҷҷатнигорӣ намудани манзилҳои истиқоматӣ ва бунёди майдончаи варзишӣ мусоидат намуда, ба масъулини вобаста ба сари вақт мавриди баррасӣ қарор додани арзу дархости шаҳрвандон супориш дод.
Аксҳо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






