Дар Душанбе ҷаласаи дуюми роҳбарони вазорату идораҳои ҳифзи муҳити зисти кишварҳои узви СҲШ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 28.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28-29 июл дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми роҳбарони вазорату идораҳои ҳифзи муҳити зисти кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ба тариқи онлайн ва оффлайн баргузор мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода раисикунандаи ҷаласаи дуюми роҳбарони вазорату идораҳои муҳити зисти кишварҳои узви СҲШ буда, муовини раиси Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Узбекистон оид ба экология ва ҳифзи муҳити зист Исломбек Бокиҷонов низ дар ҷаласа ширкат меварзад. Қисми боқимондаи кишварҳои узви СҲШ дар ҷаласаи онлайн иштирок мекунанд.
Бо иқдоми Созмони Ҳамкории Шанхай тақрибан ду даҳсола аст, ки раисии ҷаласаҳои он ҳар сол аз як кишвар ба кишвари дигар мегузарад. Моҳи ноябри соли 2020 Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати СҲШ-ро ба даст гирифт ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси СҲШ интихоб шуданд. Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар доираи мулоқоти дурӯза иқтисодиёти «сабз», соҳаи технологияҳои пешрафтаи экологӣ, манбаъҳои барқароршаванда ва тозаи энергия мебошанд.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода иброз дошт, ки «рушди ҳамкорӣ дар соҳаи экология барои кишварҳои аъзои СҲШ, алалхусус барои кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти калон дорад. Дар ин замина, бинобар тағйирёбии иқлим ва хушк шудани баҳри Арал, обшавии босуръати пиряхҳо, норасоии захираҳои об, биёбоншавӣ, хушксолӣ, шӯршавӣ ва таназзули хок, бад шудани сифати ҳаво, аз байн рафтани баъзе намудҳои олами наботот ва ҳайвонот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки маркази таваҷҷуҳи СҲШ мебошанд, ба назар мерасад».
Дар тӯли фаъолияти СҲШ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист иқтидори назарраси ҳамкорӣ дар ин самт ташаккул ёфт. Соҳаи экологӣ дар рӯзномаи Созмон ҷойгоҳи муҳимтар мегирад ва кишварҳои узви СҲШ омодаанд, ки дар ин самт ҳамкории минбаъдаи пурсамар барқарор кунанд. Дар асоси аҳамияти масъалаҳои экологӣ барои ноил шудан ба рушди устувор Тоҷикистон дар баробари масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва экологӣ ҳамчун кафили рушд фаъолона мусоидат намуда, дар масъалаҳои сулҳи пойдор, субот ва амнияти минтақа талош менамояд.








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






