Дар Душанбе масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 13.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 12 июл дар шаҳри Душанбе Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода бо роҳбари Маркази ҷаҳонӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ «НЕDAYAН», раиси Кумита оид ба мудофиа, корҳои дохилӣ ва хориҷии Шӯрои миллии Федералии (Парлумони) Аморати Муттаҳидаи Араб Алӣ Рашид Ал – Нуаймӣ мулоқот намуд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои пешгирии тундгароӣ, экстремизм ва терроризми хушунатомез дар ҷомеа мубодилаи афкор намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки «имрӯз масъалаи терроризму экстремизм яке аз масъалаҳои глобалӣ ва хатарзо боқӣ монда, аз ҳар сохтори дахлдор ва кулли ҷомеа вобаста буда, ҳушёриву зиракии сиёсӣ тақозо менамояд».
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш доир ба роҳу усулҳои нави таъсиррасонӣ ҷиҳати пешгирии ин омили номатлуб пешниҳодҳои судманд намуд.
Алӣ Рашид Ал – Нуаймӣ ба иқдомҳо ва пешниҳодҳои мақомоти дахлдори Тоҷикистон вобаста ба пешгирии терроризму экстремизм дар солҳои охир баҳои баланд дода, ҷиҳати минбаъд ба роҳ мондани ҳамкории дастаҷамъонаи мақомоти ҳарду кишвар даъват намуд.
АКС аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






