Дар Душанбе таҳти унвони «Пешвои миллат ва ҳадафҳои рушди устувори соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон» ҳамоиш доир шуд

Июль 7, 2021 15:48

ДУШАНБЕ,07.07.2021/АМИТ «Ховар»/. «Зарфи 7 соли охир барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон  беш аз 65 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки зиёда аз 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад».  Чунин зикр шуд дар ҳамоише, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи  «Пешвои миллат ва ҳадафҳои рушди устувори соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон» доир гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш, ки бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гузаронида шуд, намояндагони мақомоти расмии кишвар, сармоягузорону соҳибкорон, намояндагони ширкатҳои ватанию хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ  ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода  зимни ифтитоҳи ҳамоиш оид ба тадбирҳои  амалинамудаи  Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати ноил шудан ба  ҳадафҳои стратегӣ дар самти таъмини рушди  босуботи иқтисодӣ  дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, хусусан оид ба  беҳсозиии фазои  сармоягузорӣ  ва рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ, ислоҳоти куллӣ дар ин бахшҳо ибрози назар  намуд.

Зикр  шуд, ки зарфи солҳои соҳибистиқлоли   Тоҷикистон  дар партави сиёсати  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии мамлакат, инчунин  дар ҷодаи таъмини рушди  босуботи иқтисодӣ, ташаккули соҳибкорӣ ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида  шуд, ки натиҷаҳои назаррас медиҳад.

Гуфта шуд, ки дар натиҷаи ислоҳотҳои дар соҳаҳои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ  ва фаъолияти соҳибкорӣ мавқеи байналмилалии Тоҷикистон устувор ва кишвари мо борҳо ба гирифтани ҷоизаҳои байналмилалӣ мушарраф  гардид, ки бозгӯи нақши роҳбарикунанда ва барҷастаи Пешвои миллат  дар самти соҳибкориу сармоягузорӣ дар мамлакат мебошад.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Июль 7, 2021 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд