Дар Суғд зимни машқҳои «Марз-2021» ҳолати омодабошии ҷангии беш аз 28 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ санҷида шуд

Июль 22, 2021 09:30

ДУШАНБЕ, 22.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 22 июл бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар саросари мамлакат санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони «Марз-2021» баргузор гардид. Дар вилояти Суғд 28 ҳазору 340 нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин 2 ҳазору 747 нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ бо бонги хатар дар маҳалҳои муайяншудаи самтҳои амалиётӣ ҷамъ омаданд ва ҳолати омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.

Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Раиси вилояти Суғд, сардори Минтақаи мудофиаи ҳудудии №3 Раҷаббой Аҳмадзода ба Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути шабакаи алоқаи видеоконфронсӣ оид ба иштироки афсарону сарбозон ва захираҳои сафарбарӣ дар чорабинӣ гузориш дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди иштирокчиёни гузашти низомии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе доир гашт, бо қаноатмандӣ изҳор намуданд, ки ин чорабинӣ дар сатҳи баланд доир гардид.

 

АКС аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июль 22, 2021 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи сарони бюроҳои марказии миллии интерполҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
Дар Истаравшан оид ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷаласа доир гардид
Дар Тоҷикистон ҷаласаи сарони бюроҳои марказии миллии интерполҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Дар мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд ба корҳои созандагӣ оғоз бахшида шуд
ХИЗМАТ БА ВАТАН УҲДАДОРӢ АСТ! Барои саркашӣ намудан аз хизмати ҳарбӣ 108 нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд
ДАЪВАТИ БАҲОРӢ. Дар Сарпрокуратураи ҳарбӣ ҷаласаи васеи ҳайати мушовара доир гардид
ТАЪСИРИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БА ҲАЁТИ ҶАВОНОН. Насли ояндасозро зарур аст, ки ҳушёру эҳтиёткор бошад
Дар Тоҷикобод доир ба пешгирии терроризм бо ҷавонону фаъолон вохӯрӣ баргузор карда шуд
ВАТАНРО МИСЛИ СПИТАМЕН, ТЕМУРМАЛИКУ ВОСЕЪ БОЯД ДӮСТ ДОШТ. Ҷавонон бояд бо сари баланд ба хизмати ҳарбӣ раванд!
ХИЗМАТ БА ВАТАН УҲДАДОРИСТ! Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҷаласа оид ба даъвати ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Қонун «Дар бораи тарбияи ватандӯстӣ» ба пешгирии ифротгароӣ ва рушди тафаккури миллӣ нигаронида шудааст
Ба Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар бораи сиёсати зиддимухаддиротии Тоҷикистон маълумот дода шуд