Тӯли шаш моҳ неруи барқ нисбат ба соли 2020 камтар истеҳсол шудааст

Июль 30, 2021 10:48

ДУШАНБЕ, 30.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи  аввали  соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ  7  млрд.  588,4  млн.  кВт.  соатро  ташкил  дод,  ки  нисбат ба соли 2020 дар ҳаҷми 401,2 млн. кВт. соат кам мебошад. Ин нуктаро 29 июл зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми  раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» Маҳмадумар Асозода иброз намуда, сабаби кам гардидани истеҳсоли неруи барқро дар неругоҳҳои барқи обӣ ба маҳдуд гардидани захираҳои обӣ-энергетикӣ  аз  ҳисоби  кам  шудани  резиши  об  дар маҷрои дарёи Вахш рабт дод.

«Бо  мақсади  таъмини  соҳаҳои  иқтисодиёт  ва  аҳолии ҷумҳурӣ  бо  неруи  барқ  дар шашмоҳаи якуми  соли  равон ширкати «Барқи Тоҷик» дар ҳаҷми 2 млрд. 378,7 млн. кВт. соат неруи барқро ба маблағи умумии 887,5 млн. сомонӣ харидорӣ намуд. Дар муқоиса бо ҳамин  давраи соли 2020 хариди  неруи  барқ  дар  ҳаҷми  235,6  млн.кВт.соат  ё  ба маблағи 223,6 млн.сомонӣ зиёд гардидааст»,- иброз дошт М. Асозода.

Ба зикри Маҳмадумар Асозода, ҳаҷми  содироти  неруи  барқ  ба  хориҷи  ҷумҳурӣ  дар  ба 914,9 млн.кВт.соат баробар  шуда, неруи  барқ  асосан  ба  Ҷумҳурии  Исломии Афғонистон дар ҳаҷми 457,9 млн.кВт.соат ба маблағи 20,1 млн. доллари ИМА ва ба Ҷумҳурии Узбекистон дар ҳаҷми 448,2  млн.кВт.соат  ба  маблағи  8,9  млн.  доллари  ИМА содирот шудааст.

Июль 30, 2021 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид