Дастаи футболи хурди Бонки миллии Тоҷикистон ғолиби «Ҷоми Эсхата» гардид

Июль 2, 2021 10:11

ДУШАНБЕ, 02.07.2021/АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи хурди Бонки миллии Тоҷикистон дар мусобиқае, ки дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор шуд, ғолиб омада, соҳиби мақоми аввал ва «Ҷоми Эсхата» гардид. Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Мусобиқаи «Ҷоми Эсхата» бахшида ба таҷлили 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни дастаҳои футболи хурди бонкҳои кишвар гузаронида шуда, дар он ҳашт даста, аз ҷумла дастаи Бонки миллии Тоҷикистон, «Амонатбонк», «Бонки Эсхата», «Ориёнбонк», «Арванд», «Тавҳидбонк», Шуъбаи минтақавии БМТ дар шаҳри Хуҷанд ва филиали Бонки «Арванд» дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Дар даври ниҳоии мусобиқа дастаи футболбозони Бонки миллии Тоҷикистон дастаи «Бонки Эсхата»-ро бо ҳисоби 6:3 мағлуб намуда, барандаи ҷойи аввал ва сазовори Ҷоми мусобиқа гашт. «Бонки Эсхата» мақоми дуюмро ишғол  намуд.

Қувваозмоӣ барои дарёфти ҷойи сеюм миёни дастаҳои футболи «Амонатбонк» ва шуъбаи минтақавии БМТ дар шаҳри Хуҷанд  хеле шавқовар гузашт.Дастаи футболи «Амонатбонк» баъди пирӯзӣ бо ҳисоби 5:1 сазовори ҷойи сеюми мусобиқа гардид.

Ҳамин тавр унвони «Мураббии беҳтарин» ба Наврӯз Қурбонов, «Дарвозабони беҳтарин» ба Фаридун Мирзоев ва «Бозингари беҳтарин» ба Мансур Эргашев, ки ҳар се аъзои дастаи  Бонки миллии Тоҷикистон мебошанд, дода шуд.

Дар маросими ҷамъбастии мусобиқаи варзишӣ сардори шуъбаи футболи хурди Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Ахмедҷонов, мудири шуъбаи минтақавии БМТ дар шаҳри Хуҷанд Наврӯз Валиев ва роҳбарияти бонкҳо сухан намуда, баргузории  мусобиқаро дар рушд ва оммавигардонии соҳаи варзиш, таҳкими ти дӯстӣ байни кормандони низоми бонкии кишвар муҳим арзёбӣ намуданд.

Акс аз Бонки миллии Тоҷикистон

 

Июль 2, 2021 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶОМИ РУШД-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаҳои Русия, Эрон ва Қазоқистон бозӣ мекунад
Довари тоҷик бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футзал байни занонро ҳакамӣ дорад
Дар Душанбе даврҳои мураббигии футбол барои дарёфти сертификати «С» ба анҷом расиданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо тими Арабистони Саудӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Довари тоҷик Исмоил Нуралиев дар Ҷоми Осиё-2025 байни ҷавонон (U-20) кор мекунад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Беларус бозии дӯстона баргузор мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Рақибони дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон муайян мегарданд
Эҳсони Панҷшанбе фаъолияти касбияшро дар Суперлигаи Узбекистон идома медиҳад
Федератсияи футболи Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки дастаи мунтахаби «Помир»-и Бадахшон ба Лигаи дуюми футбол барояд
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ба сабади дуюми қуръакашӣ дохил шуд
Рустами Эмомалӣ дубора Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданд
Баргузории чорбинии муштараки Тоҷикистон ва Ню-Йорк ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол дар соли 2025 баррасӣ шуд