Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз рӯйи рейтинги Webometrics Ranking of World Universities дар ҷойи сеюм қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 10.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз руйи рейтинги Webometrics Ranking of World Universities дар рӯйхати беҳтарин донишгоҳҳои Тоҷикистон пас аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҷойи сеюм қарор гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод аз Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон итттилоъ медиҳад.
Webometrics Ranking of World Universities системаи глобалии рейтинги донишгоҳҳо мебошад, ки ҳадафи рейтинг баланд бардоштани ҳузури академияҳо ва институтҳои тадқиқотӣ дар интернет ва мусоидат ба нашри кушоди натиҷаҳои фаъолияти илмӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки рейтинг соли 2004 ба фаъолият оғоз карда, ҳамасола моҳҳои январ ва июл омори навро нашр менамояд. Имрӯз он ба зиёда аз 12,000 донишгоҳҳои ҷаҳон дар саросари ҷаҳон нишондиҳандаҳои веб пешниҳод менамояд.
Гузаронидани рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тайи солҳои охир собит менамояд, ки барои баланд гардидани нишондодҳои рейтингӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ рақобат ба назар мерасад. Ин боис мегардад, ки дар маҷмӯъ рейтинг барои баланд бардоштани сатҳи сифати таълим ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси талаботи бозори меҳнат таъсири худро расонад.








Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






