Хадамоти иҷро 19,9 миллион сомонӣ маблағро ба манфиати давлат рӯёнид

Июль 16, 2021 17:10

ДУШАНБЕ, 16.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли 2021 ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он дар маҳалҳо 26 541 мавод ва арзу муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои таъмини иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот ворид гардидаанд.

Аз ин шумора дар самти иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомоти давлатӣ 26 141 ҳуҷҷати  иҷро,  аз  ҷумла 20 003 адади  он аз мақомоти судӣ, 6 116 адад аз дигар мақомоти давлатӣ ва 22 навиштаҷоти нотариалӣ ворид гардида, тибқи талабот истеҳсолоти иҷро оғоз карда шудааст. Дар ин бора имрӯз муовини якуми Садори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфҷон Юсуфзода зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Юсуфҷон Юсуфзода иброз дошт, ки бо татбиқи чораҳои маҷбурӣ иҷрои воқеии 20 762 ҳуҷҷати иҷро ё 72,1 % ба маблағи 106,7 млн сомонӣ, 1,3 млн доллари ИМА, 3,4 млн рубли Федератсияи Россия ва 306 156 сӯми Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъмин гардидааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта иҷрои воқеӣ 3,7 % ба маблағи 68 млн сомонӣ, 1 млн доллари ИМА зиёд гардида, дар натиҷа 19,9 млн сомонӣ ба манфиати давлат рӯёнида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 11 млн сомонӣ барзиёд мебошад.

Ҳамзамон иҷрочиёни мақомот бо гузаронидани амалҳои иҷрои маҷбурӣ ба манфиати шахсони воқеӣ 8 202 адад ҳуҷҷатҳои иҷроро ба маблағи зиёда аз 6 млн сомонӣ ва 39 000 доллари ИМА ба таври воқеӣ ба иҷро расониданд, ки нисбат ба соли гузашта дар ин самт 518 адад ҳуҷҷати иҷро ба маблағи 3,6 млн сомонӣ барзиёд рӯёнида шудааст.

Дар самти ситонидани маблағи алимент муайян гардид, ки аз 7 307 истеҳсолоти иҷро, ки дар давраи ҳисоботӣ  ворид гардида, ситониши давравиро пешбинӣ менамояд, бо 7 220 адади он мунтазам амалҳои иҷро гузаронида шуда, 2 адад дар асоси санадҳои судӣ қатъ ва 76 адад ба муҳосиботи ҷойи кори қарздорон ирсол гардидааст.

Зикр кардан бамаврид аст, ки дар истеҳсолоти иҷрочиёни мақомоти иҷро 84 214 адад ҳуҷҷатҳои иҷро вобаста ба ситонидани маблағи алимент мавриди иҷрои давравӣ  қарор дошта, ҷиҳати иҷрои онҳо дар ҳамин давраи ҳисоботӣ 12,6 млн сомонӣ ситонида шудааст.

Бинобар бадқасдона саркашӣ намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент аз ҷониби иҷрочиён нисбат ба 372 нафар барои чораҷӯӣ ба мақомоти прокуратура пешниҳод ирсол карда шуда, нисбат ба 213 нафар қарздорон тибқи талаботи моддаи 177 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Дар сохтори Хадамот бахши пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронӣ фаъолият менамояд, ки он бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он ташкил карда шудааст. Айни замон ба ин феҳрист 3 229 шахсони воқеӣ ва 145 шахсони ҳуқуқӣ ворид карда шуда, ҷиҳати ба барномаи электронии қабули маълумот нисбати қарздорон пайваст намудани сохторҳои мақомот тавассути шабакаи интернет ва муттамарказ намудани он тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешавад.

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии кормандон, сифатан беҳтар кардани сатҳи омодагии касбӣ, баланд бардоштани интизоми хизматӣ ва беҳтар намудани сифати корҳои тарбиявӣ фармоиши сардори Хадамот дар бораи ташкил намудани машғулиятҳои идоравии хизматчиёни давлатии Хадамот таҳия карда шуда, нақшаи машғулиятҳои идоравии Дастгоҳи марказии Хадамот барои соли 2021 тасдиқ гардидааст, ки тибқи он ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа машғулиятҳои идоравӣ баргузор мегардад.

Хадамот бо намояндагони барномаи «Мусоидат ба волоияти Қонун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ»-и ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, бо Бюрои иҷрои маҷбурии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ёддошти тафоҳумро ба имзо расонида, инчунин дар доираи Конвенсияҳои қабулгардида бо Хадамоти Федералии приставҳои судии Федератсияи Россия, мақомоти иҷрои ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Арманистон ва дигар кишварҳои минтақа дар соҳаи истеҳсолоти иҷро ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷрибаро ба роҳ мондааст.

Баҳри ҷоннок намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати инъикоси пурра ва дастрасии аҳолӣ ба фаъолияти Хадамот, сомонаи расмии мақомот таъсис дода шуда, кормандони Хадамот дар байни аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо доир ба мавзӯҳои гуногуни ҳуқуқии ба истеҳсолоти иҷро алоқаманд 1 162 маротиба вохӯрию сӯҳбат ва баромадҳо намуда, дар нашрияҳо мақолаҳо ба чоп расониданд.

Инчунин бо мақсади пешгирии ҳолатҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва дар ҳамин замина саркашӣ накардани онҳо аз пардохти алимент, ҳамчунин ҷиҳати ворид намудани қарздорон ба махзани низоми ягонаи идоракунии сарҳад ва раводид, ҷиҳати баромада нарафтани онҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои таблиғотӣ таҳия гардидааст, ки намоиши онҳо тавассути шабакаҳои телевизионӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳамчунин ҷиҳати баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳими соҳаи истеҳсолоти иҷро ва ба таври дахлдор ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар самти иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот намояндаҳои Хадамот ва зерсохторҳои он дар ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ҳамчун аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ иштирок менамоянд.

Июль 16, 2021 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд
Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид
Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) тақвият меёбад