Харитаи роҳи Чаҳорчӯби нави ҳамкорӣ оид ба рушди устувори СММ дар Тоҷикистон муаррифӣ шуд
ДУШАНБЕ, 15.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15 июл дар бинои Вазорати корҳои хориҷӣ чорабинии муштараки Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Дафтари Ҳамоҳангсозии доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Муаррифӣ ва тасдиқи харитаи роҳи Чаҳорчӯби нави ҳамкории СММ оид ба рушди устувор» баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш муовинони роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва коршиносони онҳо, роҳбарони муассисаҳои тахассусии СММ, аъзои тими кишварии он ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огаҳии мақомоти давлатӣ аз раванди таҳияи Чаҳорчӯби нави ҳамкории СММ оид ба рушди устувор дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2026, ки ҷиҳати татбиқи барномаҳои муштараки Созмони Милали Муттаҳид дар кишвари мо замина фароҳам меорад, барпо гардид.
Ҳамоишро аз ҷониби Тоҷикистон муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Ашӯрбой Солеҳзода ва аз тарафи СММ – Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сезин Синаноғлу ифтитоҳ намуданд. Дар қисмати ифтитоҳӣ ҳамчунин муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода суханронӣ карда, роҷеъ ба марҳилаҳои ҳамкории Тоҷикистону СММ дар соҳаҳои гуногун ва мавқеи кишвари мо нисбат ба Чаҳорчӯби номбурдаи ҳамкорӣ изҳори назар намуд. Ҳамзамон тазаккур дода шуд, ки таҳкиму густариши ҳамкорӣ бо СММ ва ниҳодҳои тахассусии он аз авлавияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Сипас коршиносони тими кишварии СММ дар Тоҷикистон ба ширкаткунандагон роҷеъ ба ҷанбаҳои асосии Харитаи роҳи Чаҳорчӯби нави ҳамкории СММ оид ба рушди устувор маълумот ва рӯнамоиҳо ироа карда, ба саволҳои ҳозирин посухҳои мушаххас доданд.
Шоёни зикр аст, ки пешнависи ниҳоии Чаҳорчӯби нави ҳамкории СММ оид ба рушди устувор то моҳи июни 2022 омода ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баррасӣ ва тасдиқи баъдӣ ироа хоҳад шуд.
АКСҲО аз ВКХ ҶТ








Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Ассотсиатсияи табибони «Avicenna» вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Палатаи муштараки тиҷоратии Швейтсария баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Маркази миллии ҳамкории судии байналмилалии Ироқ мулоқот намуд
Қоҳир Расулзода бо роҳбари Бюрои рушди иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ Космос Завазава мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд






