ИҶЛОСИЯИ 44-УМИ КУМИТАИ МЕРОСИ ҶАҲОНИИ ЮНЕСКО ИДОМА ДОРАД. 16 иншооти Тоҷикистон чун номзад барои шомилшавӣ ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод шудаанд

Июль 27, 2021 12:52

ДУШАНБЕ, 27.07.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар иҷлосияи 44-ум, ки тариқи онлайн таҳти раисӣ аз Фучжоуи Чин мегузарад, ҳафт иншоотро ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба баёнияи матбуотии ЮНЕСКО иттилоъ медиҳад.

Чор иншоот табиӣ мебошанд: ҷангалҳои тропикии колхидӣ ва заминҳои ботлоқзор (Гурҷистон), ҷазираи Амами Осима, ҷазираи Токуносима, қисми шимолии ҷазираи Окинава ва ҷазираи Ириомотэ (Ҷопон), Гетбол, мавҷҳои ҳамвор дар Корея (Ҷумҳурии Корея) ва маҷмааи ҷангали Каенг Крачан (Тайиланд).

Се иншооти нав, аз ҷумла як иншооти фаромиллӣ  барои арзиши фарҳангии худ ба ин рӯйхат ворид гардидаанд: қӯрғони Арслонтеппа (Туркия), хати ҳолландии мудофиа аз об, васеъ кардани майдони «Хатти мудофиа дар атрофи Амстердам» (Нидерланд) ва муассисаи фаромиллии Колонияи шафқат (Белгия ва Нидерланд).

Иҷлосияи Кумитаи мероси ҷаҳонӣ баррасии иншоотро то 28 июл  идома медиҳад.

44-умин иҷлосияи Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, ки мебоист тобистони соли 2020 дар шаҳри Фучжоуи Чин баргузор мешуд, бо сабаби пандемияи коронавирус ба таъхир гузошта шуд. Бо вуҷуди ин, кишварҳо дархостҳояшонро идома медиҳанд, то иншооти худро ба Феҳристи мероси ҷаҳонӣ шомил намоянд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, Тоҷикистонро дар ин рӯйхат ду иншоот — қадимтарин шаҳраки Саразм ва Боғи миллии тоҷикон- «Кӯҳҳои Помир» муаррифӣ мекунанд. Ба иншооти аввал аз рӯи меъёри фарҳангӣ, ба дуюмин аз рӯи меъёри табиӣ баҳо дода мешавад.

16 иншооти дигар аз ҷумлаи номзадҳо барои шомил шудан ба ин рӯйхат ҳастанд, 11-тои он меъёри фарҳангӣ доранд ва 5-тоаш табииянд. Дар байни онҳо мақбараҳои Амир Ҳамза, Хоҷа Машҳад, Хоҷа Нақшрон, Муҳаммад Башоро, шаҳракҳои бостонии Панҷакент, Тахти Сангин, Бойтудаштӣ, Шаҳристон, Ҳулбук, Аҷинатеппа, ёдгориҳои Роҳи Абрешим дар Тоҷикистон, иншооти табиӣ- кӯҳҳои Фон, мамнӯъгоҳҳои «Бешаи палангон», «Дашти Ҷум», «Зоркӯл» мебошанд.

 Ба ҷуз аз ашёи моддӣ, ЮНЕСКО инчунин рӯйхати «Шоҳкориҳои мероси фарҳангии шифоҳӣ ва ғайримоддӣ» ва барномаи «Хотираи ҷаҳон»-ро доро мебошад.  Ба ин рӯйхат мусиқии Шашмақом, ҷашни Наврӯз, оши палав, санъати гулдӯзии чакан шомиланд. Лоиҳаи «Хотираи ҷаҳон» дастхатҳои «Куллиёт» -и Убайди Зоконӣ ва «Ғазалиёт» -и Ҳофизро дар бар мегирад.

ДАР СУРАТ: кӯҳҳои Помир — яке аз ҷойҳои мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон.  Аксҳо: plemyash-sergei.livejournal.com

Июль 27, 2021 12:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад