Илҳомҷон Оймуҳаммадзода: «Ҳадафи Барномаи давлатии рушди соҳаи геология истифодаю ҳифзи захираҳои ашёи минералӣ ва мониторинги обҳои зеризаминист»

Июль 14, 2021 10:20

ДУШАНБЕ, 14.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои ҷустуҷӯ, иктишоф ва барои истифодаи саноатӣ омода намудани конҳои металлҳои сиёҳ, асил, ранга ва нодир, ашёи агросаноатӣ, маводи сохтмонӣ, обҳои зеризаминии минералӣ, термалӣ ва нӯшокӣ, инчунин пешбурди корҳои геологияи муҳандисӣ ва геоэкологӣ дар мадди аввали  Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021-2030, ки  чанде пеш аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул гардид, гузошта шудааст. Ин матлабро имрӯз, 14 июл зимни нишасти матбуотӣ Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода дар ҷамъи хабарнигорон иброз намуд.

Бино ба зикри Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, муайян намудани самтҳои асосии омӯзиши геологӣ, азнавбарқароркунӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои ашёи минералӣ, назорати равандҳои хатарноки геологӣ, омӯзиш ва мониторинги обҳои зеризаминӣ аз вазифа ва ҳадафҳои асосии Барномаи мазкур мебошад.

Ба андешаи мавсуф, қабул гардидани барномаи нав маънии онро дорад, ки барои пешравии кор ва баланд бардоштани масъулият пеши ҳар корманд вазифаҳои нав  гузошта шудаанд.

Гуфта шуд, ки дар Барнома  иҷрои корҳо бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, ашёи радиоактивӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология, геофизикӣ, мавзӯӣ   ва нигоҳдорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Барои расидан ба ҳадаф иҷрои вазифаҳои зерин, аз қабили таъмини афзоиши захираҳои канданиҳои фоиданок,  қонеъ намудани эҳтиёҷоти иқтисодиёти давлат бо захираҳои ашёи минералӣ бо дарназардошти таъмини мувозинати сатҳи омӯзиши геологии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, варақа ба варақа гузаронидани омӯзиши геологии минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ, арзёбии маҷмӯӣ ва дурнамои ҳолати муҳандисӣ-геологӣ, гидрогеологӣ ва истифодаи захираҳои табиӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида бо ахбори зарурӣ таъмин намудани мақомоти давлатӣ, ташкилот ва аҳолӣ, таъмин ва ташкили омӯзиш, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониши мутахассисони соҳа,  пешбурди низоми ягонаи фонди иттилооти геологӣ,  бо маводи моддию техникӣ таъмин намудани корҳои омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ, гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисобот ва ҳисоби захираҳо бо истифода аз барномаҳои муосири компютерии кӯҳӣ-геологӣ нишон дода шудааст.

Бино ба маълумоти роҳбарияти Саридора, дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар асоси вазифаҳои дар пеши соҳа гузоштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди соҳаи геология дар давраи солҳои 2012-2020» ва «Барномаи давлатии омӯзиш ва арзёбии захираҳои металлҳои нодир барои солҳои 2016-2026» тасдиқ шуданд. Ҳамзамон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ», дастурамалҳои соҳавӣ ва якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки ба рушди соҳаҳои геология ва кӯҳкорӣ ҷиҳати пешрафт ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ шароит фароҳам овард.

Дар ин давра мутахассисони соҳа фаъолона дар иҷрои лоиҳаҳои давлатӣ, ба монанди неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва «Бойғозӣ», сохтмони роҳҳои оҳани «Бохтар- Қӯрғонтеппа-Кӯлоб» ва «Ёвон-Ваҳдат», нақбҳои мошингарди «Истиқлол», «Шаҳристон», «Озодӣ», «Хатлон», хатҳои баландшиддати интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол», «Лолазор-Хатлон», роҳҳои мошингарди «Душанбе- Кӯлоб-Кулма-Қарақорум», «Душанбе- Рашт-Саритош», «Душанбе-Хуҷанд-Чанок», пулҳои Тоҷикистон ва Афғонистон иштирок намуда, онҳоро бо сифати баланди натиҷаҳои тадқиқоти муҳандисию геологӣ таъмин намуданд.

Дар нишаст намояндагони ВАО-и мамлакат доир ба паҳлуҳои мухталифи фаъолияти мақомоти геология савол дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Июль 14, 2021 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд