Кумитаи байналмилалии олимпӣ самборо ба рӯйхати бозиҳои олимпӣ шомил намуд

Июль 22, 2021 15:08

ДУШАНБЕ, 22.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи байналмилалии олимпӣ (IOC) Федератсияи байналмилалии самборо ба таври доимӣ пазируфт. Ин тасмим дар иҷлосияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ, ки 20  июл дар шаҳри  Токиои Япония дар арафаи оғози Бозиҳои олимпӣ баргузор гардид, гирифта шуд. Дар ин бора  аз Федератсияи  самбои   Тоҷикистон  ба  шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар  доданд.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар як ҷаласа дар Токио ба ғайр аз Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) ба тарафдории эътирофи боз панҷ федератсияи байналмилалии варзишӣ овоз дод: Иттиҳоди байналмилалии черлидинг (ICU), Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои муай-тай (IFMA), Федератсияи байналмилалии айсштокспорт (IFI), Ассотсиатсияи умумиҷаҳонии ташкилоти кикбоксинг (WAKO) ва Федератсияи умумиҷаҳонии лакросс (WL).

Июль 22, 2021 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд