«МАН НИҚОБ МЕБАНДАМ, ШУМО ЧӢ?»-даъвати роҳбари «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» Парвина Мухторова аз сокинони мамлакат
ДУШАНБЕ, 02.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Бо мақсади эмин мондани худ ва наздиконам аз бемории COVID-19 ва дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ман ниқоб мебандам, шумо чӣ?» — чунин хитоб намудааст дар яке аз роликҳои таблиғотӣ роҳбари Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» Парвина Мухторова ба сокинони мамлакат.
-Бо сабаби хуруҷи мавҷи дуюми бемории COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар як сокини мамлакат қатъиян талаб карда мешавад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ниқоб пӯшанд, аз маводҳои безараргардонӣ истифода карда, бе зарурат дар берун гаштугузор накунанд. Зеро, танҳо бо роҳи риояи тавсияи мутахассисони соҳаи тиб ва ҷонибдории сокинон метавон аз сироятёбӣ ба COVID-19 ва дилхоҳ беморӣ даст ёфт, — тавсия дод Парвина Мухторова зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».
Тибқи иттилои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус — COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, омили асосии хуруҷи навбатии бемории мазкур дар истифода накардани ниқоб, бетаваҷуҳӣ, риоя накардани муҳлати муайяншуда барои худмуҳофизатии шаҳрвандони мамлакат, ки аз хориҷи кишвар баргаштанд, мебошад.
Ба хотири эмин нигоҳ доштани саломатии мардуми Тоҷикистон аз бемории сироятии COVID-19 зимни маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 июн ба Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории COVID-19, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастуру супориш доданд, ки масъалаи ваксинагузаронӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошти шахсию ҷамъиятӣ, таъмини доруворӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ, бо маводи безараргардонӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо, боғҳои фарҳангу фароғат, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии серодамро ба таври қатъӣ назорат намоянд.
Ёдовар мешавем, ки 21 июни соли равон дар мамлакат ҳолатҳои нави гирифтор шудан ба бемории сироятии коронавирус — COVID-19 ба қайд гирифта шуд.








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






