Моҳи август бастаи навбатии ваксинаи «AstraZeneca» ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 05.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми моҳи августи соли равон бастаи навбатии ваксинаи «AstraZeneca» ба ҷумҳурӣ ворид карда мешаванд. Иқдоми мазкур бо шарикон оид ба рушд хусусан бо Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Мутаҳид ва Алянси глобалии ваксина ва иммунизатсия рӯи даст гирифта шудааст. Дар ин хусус сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷафаров ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Ба зикри номбурда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки бо истифода аз дигар манбаъҳо воридоти ваксинаҳоро зиёдтар кунанд. Ҳоло бо Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба маблағҳои грантӣ шартнома баста шудааст, ки маблағи он зиёда аз 8 миллион долларро ташкил медиҳад. Инчунин бо Бонки Осиёгии Рушд низ шартнома ба имзо расида, маблағи он 25 миллион долларро дар бар мегирад. Бояд гуфт, ки қисми муайяни маблағҳои мазкур ба харидории ваксинаҳо равона карда мешавад.
«Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бевосита бо истеҳсолкунандагони ваксинаҳо корбарӣ намуда, ният дорад аз ҳисоби буҷаи давлат ва маблағҳое, ки ҳамчун грант ба Тоҷикистон ҷудо гардидаанд боз вояҳои иловагӣ харидорӣ намояд»,- афзуд Наврӯз Ҷафаров.
Ҳоло маъракаи ваксинатсия идома дошта, беш аз 300 ҳазор аҳолӣ бар зидди бемории COVID-19 ваксина гирифтанд, ки беш аз 97 ҳазор нафарро аҳолии шаҳри Душанбе ташкил медиҳанд.
Акс аз бойгонӣ








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






