Моҳи август бастаи навбатии ваксинаи «AstraZeneca» ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд

Июль 5, 2021 14:57

ДУШАНБЕ, 05.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми моҳи августи соли равон  бастаи навбатии ваксинаи «AstraZeneca» ба ҷумҳурӣ ворид карда мешаванд. Иқдоми мазкур бо шарикон оид ба рушд хусусан бо  Созмони  Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Мутаҳид ва Алянси глобалии ваксина ва иммунизатсия рӯи даст гирифта шудааст. Дар ин хусус сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ,  ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷафаров ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ба зикри номбурда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки бо истифода аз дигар манбаъҳо воридоти  ваксинаҳоро зиёдтар кунанд. Ҳоло бо Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба маблағҳои грантӣ шартнома баста шудааст, ки маблағи он зиёда аз 8 миллион долларро ташкил медиҳад. Инчунин бо Бонки Осиёгии Рушд низ шартнома ба имзо расида, маблағи он 25 миллион долларро дар бар мегирад. Бояд гуфт, ки қисми муайяни маблағҳои мазкур ба харидории ваксинаҳо равона карда мешавад.

«Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бевосита бо истеҳсолкунандагони ваксинаҳо корбарӣ намуда, ният дорад аз ҳисоби буҷаи давлат ва маблағҳое, ки ҳамчун грант ба Тоҷикистон ҷудо гардидаанд боз вояҳои иловагӣ харидорӣ намояд»,- афзуд  Наврӯз Ҷафаров.

Ҳоло маъракаи ваксинатсия идома дошта, беш аз 300 ҳазор аҳолӣ бар зидди бемории COVID-19 ваксина гирифтанд, ки беш аз 97 ҳазор нафарро аҳолии шаҳри Душанбе  ташкил медиҳанд.

Акс аз бойгонӣ

Июль 5, 2021 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

САДА-МЕРОСИ ҒАЙРИМОДДИИ БАШАРИЯТ. Он садоқат ба Ватан, дӯст доштани табиат ва заҳмат ба хотири баракату фаровониро таблиғ менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Тоҷикон» ҳоло китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифат ва бонангу номуси миллати тоҷик мебошад»
Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷоизаи давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъсис дода мешавад
Академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун муҳаққиқи барҷаста ва ташаббускори илм дар рушди ховаршиносӣ саҳми бузург гузошт
Дар ташаккули шахсияти академик Бобоҷон Ғафуров модари ӯ -шоираи номдор Розияи Озод нақши ҳалкунанда бозид
Пешвои миллат: «Бо вуҷуди корҳои ҳизбиву давлатӣ Бобоҷон Ғафуров таҳқиқи таърихи халқи тоҷикро содиқона идома медод»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз Бобоҷон Ғафуров пас аз устод Садриддин Айнӣ ба таҳқиқи мукаммали таъриху тамаддуни тоҷикон иқдом намудааст»
Имрӯз дар Душанбе ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир мешавад
Сарвари давлат: «Имрӯз мо шоҳиди уҳдадории дастаҷамъонаи бонкҳои байналмилалии рушд ҷиҳати суръатбахшӣ ба маблағгузории соҳаи обу иқлим гаштем»
Президенти Тоҷикистон: «Обанборҳои Тоҷикистон барои таъмини мунтазами давлатҳои минтақа бо оби корезӣ хизмат менамоянд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон соҳаи энергетикаро яке аз авлавияти стратегии худ медонад»
Конфронси Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 дар шаҳри Душанбе барои ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи байналмилалӣ заминаи муҳим фароҳам месозад