Наврӯз Ҷафаров: «Ман худро ваксина кардам, шумо низ ваксина гирифта, аз беморӣ эмин монед!»
ДУШАНБЕ, 31.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. -Ман ҳамчун корманди соҳаи тандурустӣ худро ваксина кардам, то бо ин роҳ аҳли хонавода ва коргоҳро аз бемории COVID-19 эмин нигоҳ дорам. Аз шумо низ даъват менамоям, ки худро ваксина карда, аз беморӣ эмин монед,- мегӯяд сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷафаров.
Мавсуф ҳамчунин иброз дошт, ки бо сабаби хуруҷи мавҷи дуюми бемории COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш менамоям, ки ҳангоми даъват ба муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии макони зист барои гузаронидани ваксина ҳозир шаванд. Зеро ваксинатсия ягона роҳи наҷот аз бемории сироятии коронавирус маҳсуб мешавад.
«Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони СММ ва дигар шарикон оид ба рушд ба Тоҷикистон марҳила ба марҳила ваксинаҳо ворид гардида истодаанд. То субҳи 30 июл дар муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 588 ҳазору 329 нафар аз ваксинатсия гузаштаанд. Хушбахтона, миёни ин теъдоди аҳолӣ ягон ҳодисаи ногувор, ки вобаста ба ваксинатсия бошад, ба қайд гирифта нашудааст», -гуфт Наврӯз Ҷафаров.
Ба зикри мавсуф, ҳолатҳое ҳастанд, ки шаҳрвандон баъд аз ваксинатсия ба муассисаҳои табобативу профилактикӣ муроҷиат мекунанд, зеро ин ҳолати муқаррарӣ буда, пас аз тазриқ дар организми бархе нафарон аксуламал ба вуҷуд меояд. Вале ин ягон ҳолати нигаронкунанда надорад. Шаҳрвандон дар ин ҳолат тибқи нишондодҳои табибони оилавӣ ва мутахассисони соҳа бояд аз доруҳои табшикан истифода намоянд.
АКС аз АМИТ «Ховар»








ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд






