Наврӯз Ҷафаров: «Ман худро ваксина кардам, шумо низ ваксина гирифта, аз беморӣ эмин монед!»

Июль 31, 2021 08:59

ДУШАНБЕ, 31.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. -Ман ҳамчун корманди соҳаи тандурустӣ худро ваксина кардам, то бо ин роҳ аҳли хонавода ва коргоҳро аз бемории COVID-19 эмин нигоҳ дорам. Аз шумо низ даъват менамоям, ки худро ваксина карда, аз беморӣ эмин монед,- мегӯяд сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ,  ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷафаров.

Мавсуф ҳамчунин иброз дошт, ки бо сабаби хуруҷи мавҷи дуюми бемории COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш менамоям, ки ҳангоми даъват ба муассисаҳои кумаки   аввалияи тиббию санитарии макони зист барои гузаронидани ваксина ҳозир шаванд. Зеро ваксинатсия ягона роҳи наҷот аз бемории сироятии коронавирус маҳсуб мешавад.

«Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони СММ ва дигар шарикон оид ба рушд ба Тоҷикистон марҳила ба марҳила ваксинаҳо ворид гардида истодаанд. То субҳи 30 июл дар муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 588 ҳазору 329 нафар аз ваксинатсия гузаштаанд. Хушбахтона, миёни ин теъдоди аҳолӣ ягон ҳодисаи ногувор, ки вобаста ба ваксинатсия бошад, ба қайд гирифта нашудааст», -гуфт Наврӯз Ҷафаров.

Ба зикри мавсуф, ҳолатҳое ҳастанд, ки шаҳрвандон баъд аз ваксинатсия ба муассисаҳои табобативу профилактикӣ муроҷиат мекунанд, зеро ин ҳолати муқаррарӣ буда,  пас аз тазриқ дар организми бархе нафарон аксуламал ба вуҷуд меояд. Вале ин ягон ҳолати нигаронкунанда надорад. Шаҳрвандон дар ин ҳолат тибқи нишондодҳои табибони оилавӣ ва мутахассисони соҳа бояд аз доруҳои табшикан истифода намоянд.

 

АКС аз АМИТ «Ховар»

Июль 31, 2021 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

«НАВРӮЗ ДАР АСЛ ҶАШНИ ЗИНДАГИСОЗ АСТ». Иқтибос аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Ҳифзи пиряхҳо аз обшавии босуръат ҳамкории дастҷамъонаи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалиро тақозо менамояд
Пешвои миллат: «Тоҷикистони маҳбуби мо воқеан Ватани аслии Наврӯз аст»
Бузургии Зан-Модар- ин олиҳаи ҳаёт ҳамеша вирди забони башарият аст
Рӯзи Модар рамзи эҳтиром ва қадршиносии махсуси давлату ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба Зан-Модар мебошад
Пешвои миллат дар таҳкими мақоми Зан-Модар дар ҷомеи Тоҷикистон нақши намоён доранд
Модар олиҳаи накугавҳар ва азизтарин шахсияти башар аст
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳон чун ташаббускори муҳими ҳалли мушкилоти глобалӣ шинохта шудааст
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСӢ. То соати 12:00 шумораи овоздиҳандагон дар Тоҷикистон 59 фоизро ташкил дод
КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСӢ. То соати 9:00 шумораи овоздиҳандагон дар Тоҷикистон 22,1 фоизро ташкил дод